03

Июл, 2025
Панҷшанбе

03

Июл, 2025
Панҷшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Даври шаҳрии озмуни «Мураббии сол» оғоз ёфт ва озмунҳои «Омӯзгори сол» ва «Хонандаи сол» дар пешанд

 

w 59

  Аз 12 то 20 декабр дар шаҳри Душанбе даври шаҳрии озмунҳои касбии соҳаи маориф баргузор мегарданд. Аз ҷумла, даври шаҳрии озмуни «Мураббии сол-2022» 12-14 декабр, «Омӯзгори сол-2022» 15-17 декабр ва «Хонандаи сол-2022» 19-20 декабр доир мешаванд.

Дирӯз, 12 декабр даври шаҳрии озмуни “Мураббии сол-2022” дар шаҳри Душанбе оғоз ёфт, ки дар он Фирӯза Назарова -мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии № 150-и ноҳияи Сино, Шаҳноза Шарифзода -мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №1-и ноҳияи Шоҳмансур, Малика Саидова -мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №72-и ноҳияи Фирдавсӣ, Шоира Камолова -мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №4-и ноҳияи И.Сомонӣ иштирок менамоянд.

12-13 декабр довталабон дар кӯдакистонҳо машғулият мегузаронанд ва 14 декабр қисмати назариявӣ, саволу ҷавоб оид ба ихтисос, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳа, кор бо компютер гузаронида мешавад.

Даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол-2022» 15-17 декабр баргузор мегардад. 15-16 декабр довталабон дар муассисаҳои таълимӣ дарсҳои намунавӣ аз рӯи ихтисос дар доираи 45 дақиқа, муаррифии таҷрибаи корӣ дар доираи 20 дақиқа, таҳлили дарс (худбаҳодиҳӣ 10 дақиқа), маҷлиси падару модарон дар доираи 20 дақиқа, соати тарбиявӣ дар доираи 20 дақиқа мегузаронанд.

17 декабр ҷамъбасти озмун дар бинои Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» бо гузаронидани саволу ҷавоб бо довталабон аз рӯи ихтисос, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳа ва кор бо компютер анҷом меёбад.

Даври шаҳрии озмуни «Хонандаи сол-2022» 19-20 декабри соли 2022 дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» баргузор мегардад. Шартҳои озмун чунинанд: дар қисмати аввали рӯз- корҳои тестӣ ва дар қисмати дуюми рӯз корҳои хаттӣ аз фанҳои таълимӣ гузаронида мешаванд. Дар рӯзи дуюм баҳогузорӣ ба намоиши дастовардҳо, маҳорати суханварӣ ва донишҳои назариявӣ пешбинӣ шудааст.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

 

 

 

 

 

:.  Хабарҳо 13.12.2022 10:32 527

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz