03

Июл, 2025
Панҷшанбе

03

Июл, 2025
Панҷшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ДАСТАИ ДУХТАРОНАИ «ПАНҶШЕР» ҒОЛИБИ ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН ГАРДИД

 

s 400

  Дар шаҳри Бохтар қисми ниҳоии қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои футболи духтаронаи то 17-сола ба анҷом расид. Дастаи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо роҳбарии сармураббӣ Содиқҷон Исматов ғолиби чемпионат гардид.

Мусобиқаи қаҳрамонии кишвар байни духтарони то 17-сола дар ду марҳила – муқадамотӣ ва ниҳоӣ баргузор шуд. Дар марҳилаи аввал 14 даста дар ду гурӯҳ – «А» ва «Б» бо ҳам рақобат карданд. Пас аз ҷамъбасти бозиҳои минтақавӣ аз ҳар гурӯҳ се тим ба марҳилаи финалӣ баромад.

Дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Тоҷикистон байни духтарони то 17-сола шаш даста ширкат карданд. Барои ҷойи сеюми мусобиқа дастаҳои «Ҷавонӣ» (Ҷаббор Расулов) ва «Зебонисо» (Душанбе) рақобат намуданд. Дар ин вохӯрӣ дастаи «Ҷавонӣ» бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда, барандаи медалҳои биринҷӣ гашт.

Дар бозии ниҳоӣ ду тими вилояти Хатлон – «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) ва «Бешкент» (Носири Хусрав) бо ҳам вохӯрданд. Дар ин муборизаи шадид дастаи «Панҷшер» бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард.

Ғолибону ҷоизадорон ва беҳтарин бозигарони чемпионатро директори техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон Салоҳиддин Ғафуров, директори Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон Абдулло Соқиев ва муовини раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон Исроил Шарипов бо медал, ҷом ва ҷоизаҳои инфиродӣ қадрдонӣ намуданд.

Кумитаи тадорукоти мусобиқа инчунин беҳтаринҳоро низ бо мукофотҳо сарфароз намуд. Беҳтарин дарвозабони лига Самира Тӯйчибоева аз тими «Ҷавонӣ» дониста шуд. Ҷоизаи нишонзани беҳтаринро Улҷамол Элмуродова («Бешкент»), ки дар ин мавсим 47 гол зад, соҳиб гардид. Фирӯза Шукурова («Ҷавонӣ») беҳтарин мураббӣ ва Таҳминаи Баҳром аз тими «Панҷшер» беҳтарин бозигар эътироф шуданд.

 Манбаъ: Федератсияи футболи Тоҷикистон

:.  Хабарҳо 09.12.2022 07:00 512

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz