03

Июл, 2025
Панҷшанбе

03

Июл, 2025
Панҷшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

«Ҳифз ва татбиқи ҳуқуқу озодиҳои занон» - дар ин мавзӯъ ҳамоиш доир шуд

 

z 350

 6 декабр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Дилрабо Мансурӣ бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар мавзӯи «Беҳтар намудани нақш ва мақом, ҳифз ва татбиқи ҳуқуқу озодиҳои занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш доир шуд.

Бино ба гуфти Дилрабо Мансурӣ нисфи аҳолии рӯи Заминро занон ташкил дода, ҳоло шумораи бештари занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда - лоиҳаҳои тиҷоратӣ, бонкҳо, соҳаи тандурустӣ ва дигар соҳаҳо вазифаҳои баландро ишғол менамоянд.

Қайд гардид, ки роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар татбиқи сиёсати самарабахши гендерӣ иродаи қавӣ зоҳир намуданд, ки он ба таъмини хуқуқу имконияти баробари мардону занон дар мамлакат нигаронида шудааст. Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 қабул гардид. Нақшаи миллии чорабиниҳои мазкур тадбирҳо оид ба гузаронидани экспертизаи гендерии қонунгузорӣ, ташаккули захираи кадрҳоро барои пешбарӣ ба сохторҳои идоракунӣ аз рӯи гендер пешбинӣ менамояд. Барои тарбия ва пешбарӣ намудани занони роҳбар Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони қобилиятнок барои солҳои 2017-2022» таҳия шудааст.

«Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» ва Барномаи давлатии тайёр кардани занони мутахассис ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2017-2022 қабул гардиданд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарии мардону занон ва имконияти баробари татбиқи онҳо» ҳуҷҷати муҳим дар такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба таъмини кафолатҳои конститутсионии баробарии мардону занон дар соҳаи иҷтимоӣ ва сиёсӣ гардид. Барои беҳтар намудани дастрасии занон ба захираҳои иқтисодӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021-2025» қабул гардид.

   Зикр шуд, ки дар кишвар зиёда аз даҳҳо қонунҳо, барномаҳои давлатӣ, консепсияҳо ва конвенсияҳо қабул карда шудаанд, ки пурра ба масъалаҳои гендерӣ, занону духтарон, ҳамоҳангсозии чорабиниҳо оид ба ҷорӣ намудани принсипҳои гендерӣ ба қонунгузории ҷумҳурӣ бахшида шудаанд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

 

:.  Хабарҳо 08.12.2022 04:51 457

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz