03

Июл, 2025
Панҷшанбе

03

Июл, 2025
Панҷшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

АВВАЛИН ФОРУМИ ЗАНОНИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ СИЁСАТИ ГЕНДЕРӢ

 



dfc 170

Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми якуми занони Тоҷикистон оид ба масъалаҳои сиёсати гендерии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода ва бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, вазирон ва муовинони вазорату идораҳо, раисону муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, собиқадорони меҳнат - иштирокчиёни Иҷлосияи тақдирсоз, мудирони раёсат, шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарону намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ баргузор гардид.

   Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумњурӣ чорабиниро бо суханони ифтитоҳӣ њусни оғоз бахшида, роҷеъ ба нақши бузургу муассири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масоили баланд бардоштани мавқеъ ва мақоми зан дар ҷомеа ва ҳалли мушкилоти баробарии гендерӣ қайд намуд.

   Таъкид гардид, ки ањамияти таърихии Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки бо интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон ба њайси раиси Шуро саҳифаи наве дар таърихи давлатдории тоҷикон оғоз гардид.

   Дар идомаи ҳамоиш оид ба таърих ва аҳамияти Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба вазъ ва ҳодисаҳои он айём, мушкилињои пешомада дар ҷараёни барқарорсозии истиқрори сулҳ, саҳми бонувон, вакилон ва фаъолони ҷомеа дар ин раванд, дар бораи натиҷаҳо ва дастовардҳои асосии иҷлосия, дар бораи нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди барқарорсозии сулҳу амният, баргардондани як миллион гуреза ба Ватан, барқарорсозии тамоми шохаҳои ҳокимият, хонаҳои сӯхта ва иншооти муҳими иҷтимоӣ, қабули рамзҳои давлатӣ – Нишон, Суруди миллӣ, Парчам, Конститутсия, қабули санадҳои қонунгузорӣ ва ҳалли ҳадафҳои стратегии миллӣ, дастовардҳо дар тамоми соҳаҳо Матлубахон Сатториён, Дилрабо Мансурӣ, Зулфия Давлатзода, Ширин Амонзода, Хайринисо Юсуфӣ, Барно Саидвализода, Лутфия Абдухолиқзода, Дилноза Аҳмадзода ва вакилони иҷлосияи таърихӣ рафиқ Мӯсоева, бонуи сиёсатмадор Низорамоҳ Зарифова, ходими ҷамъиятӣ Гулҷаҳон Бобосодиқова суханронӣ намуданд.

   Дар фарҷоми ҳамоиш ба иштирокчиёни Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаҳои хотиравии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

 

:.  Хабарҳо 02.12.2022 11:40 478

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz