Чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар аз субҳи барвақт оғоз гардид.
Дар ин рӯз ҳазорон нафар кормандони касбу кори гуногун, намояндагони мақомоти давлатӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, фаъолони идораву ташкилотҳо ва сокинони касбу кору гуногун барои иштирок дар роҳпаймоии идона дар ҷашнгоҳ ҷамъ омада буданд.
Маросими идона бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ бо роҳпаймоии осоишта аз даромадгоҳи шаҳри Бохтар оғоз гардида, мардум бо бардоштани Парчами давлатӣ ва шиору овезаҳои таҷассумгари Истиқллият, суҳу ваҳдати миллӣ, Нақши Пешвои муаззами миллат ва қаҳрамонҳои миллӣ дар эҳёи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва рушду пешрафти имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба самти майдони ба номи Исмоили Сомонӣ раҳсипор шуданд.
Қобили зикр аст, ки дар сафи зиёда аз 10 ҳазор иштирокчиёни роҳпаймоии идона ҳазорон нафар бонувону ҷавонони вилоят низ иштирок доштанд. Тавре мушоҳида мешавад, бонувону ҷавонони вилояти Хатлон қишри аксарият ва фаъоли ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлолро ташкил медиҳанд, ки дар радифи саҳми шоёнашон дар рушду пешрафти кишвар, ҳамчунин, бо ширкати фаъолашон ба ҷашну маросимҳои идона шукуҳу шаҳомати хоса мебахшанд. Ба хусус, дар маросими имрӯзаи идона ҷавонони вилоят бо парафшонии парчами 100 метра дар сафи пеши иштирокчиёни роҳпаймоии осоишта қарор доштанд.
Баъди роҳпаймоӣ дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонии шаҳри Бохтар маросими расмӣ бахшида ба Рӯзи парчами давлатӣ оғоз гардид. Нахуст раиси вилояти Хатлон меҳмонону иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ табрику муборак бод гуфта, аз таърихи парчамдориву парчамбардории миллати тамаддунофари тоҷик ёдовар шуд.
Зикр гардид, ки парчам аз замонҳои қадим нишона ва рамзи муқаддас шинохта шуда, ба хотири ҳифзи он фарзандони шуҷои миллат ҷоннисориҳо кардаанд. Халқи тоҷик дар тӯли таърих миллати парчамдор шинохта шуда, парчам ҳамчун рамз ва нишони даъват ба мутаҳиддӣ ва мубориза дар роҳи озодӣ дониста мешуд.
Мавриди зикр аст, ки даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи парчамдорӣ ва сарнавишти мардуми Тоҷикистон марҳилаи навин ба ҳисоб рафта, барои шинохти арзишҳои фарҳанги миллӣ заминаи устувор фароҳам овард.
Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанде пеш зимни суханрониашон дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори 30-юмин солгарди баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ таъкид намуданд, қабули Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи давлати мустақили Тоҷикистон, нишонаи соҳибихтиёрӣ, ягонагӣ ва ифтихори мардуми кишвар дигар иқдоми муҳимми иҷлосияи таърихӣ буд.
Дар чорабинӣ идона бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ, ҳамчунин, шоири маҳбуби миллат Миралӣ Салимов (Озар) шеъру ғазалҳо дар васфи Парчами давлатӣ қиоат намуда, оид ба нақш ва моҳияти парчамдорӣ ва таҷлили бошӯкуҳи Рӯзи Парчами давлатӣ дар баланд бардоштани ҳисси меҳандӯстиву тарбияи насли ҷавон дар руҳияи арзишҳои муқаддаси миллату давлатдорӣ изҳори андеша намуд.
Баъдан, барномаи театрикунонидашудаи аҳли фарҳанги вилояти Хатлон пешкаши меҳмонону иштирокчиёни маросими идона гардид.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН, Далер ШАРИФОВ, вилояти Хатлон