03

Июл, 2025
Панҷшанбе

03

Июл, 2025
Панҷшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Ба истифода додани коргоҳи дӯзандагии “Маҳина” дар шаҳри Гулистон

 

sxzigy 99

15 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷмҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон Коргоҳи дӯзандагии “Маҳина” - ро мавриди истифода қарор доданд.

Коргоҳи 2-ошёна аз ҷониби соҳибкорзани ватанӣ Ҷаннатой Абдалиева дар доираи тадбирҳои созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Коргоҳи дӯзандагӣ дорои 30 дастгоҳи замонавӣ буда, коргарон бо истифода аз онҳо либоси ягонаи мактабӣ, корӣ, ҳарбӣ, номгӯи гуногуни либосҳои мардона ва занона медӯзанд.

Коргоҳи дӯзандагӣ ва маркази ҳунармандии “Маҳина” бо дарназардошти ба шуғл фаро гирифтани занону духтарони хонашин дар муддати як сол бунёд ёфтааст ва дар он ҳамарӯза 50 ҷуфт сару либоси гуногун духта мешавад. Дар коргоҳ 30 нафар занону духтарони маҳаллӣ, ки аз курси омӯзишии дӯзандагӣ гузаштаанд, ба кор ҷалб гардидаанд.

Ба андешаи соҳибкорзан онҳо қаблан ба таври иҷора фаъолият менамуданд ва духти сару либоси гуногунро дар хонаҳо ва коргоҳҳои хурд иҷро мекарданд. Акнун бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани коргоҳи наву замонавӣ, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст, барояшон имконияти хуби кору фаъолият фароҳам гардид.

Занону духтарон бо дастгирии соҳибкори маҳаллӣ Ҷаннатой Абдалиева чандин сол аст, ки ба духти либосҳои гуногун машғуланд ва нозукиҳои онро аз худ кардаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки маҳсулоти истеҳсолии коргоҳ дар баробари таъмини фармоиш, ҳамчунин ба дигар бозорҳои кишвар, аз ҷумла шаҳри Душанбе интиқол дода мешавад.

Дар ошёнаи дуюми иншоот марказҳои ҳунаромӯзӣ, аз қабили дӯзандагӣ, чеварӣ, пойафзолдӯзӣ, пӯхтупаз ва дигар касбҳои серталаб дар бозори меҳнат ба роҳ монда шудааст. Ҳамаи синфхонаҳои дарсии маркази ҳунаромӯзӣ бо шароити хуб таъмин мебошанд. Марказ ҳамзамон имкон дорад, ки ҷавонони бе шуғлро ба курсҳои аз 3 то 6 моҳа ҷалб намояд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо фаъолияти коргоҳ ба соҳибкорзани ватандӯст ҷиҳати таъсиси чунин коргоҳ, муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ ва бо сифати хуб ба роҳ мондани истеҳсоли сару либоси гуногуни ватанӣ баҳои арзанда доданд.

     Бознашр аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

:.  Хабарҳо 15.11.2022 12:26 361

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz