10 ноябри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудаввар оид ба рӯнамоии китоби тозанашри «Ормони миллат: Роғун – бузургтарин сарбанди асри нав (Феҳристи адабиёт)» баргузор гардид, ки ин иқдом аз ҷониби Китобхонаи мазкур амалӣ гардида, ба ифтихори 30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.
Дар чорабинӣ намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, фарҳанг, энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ, Кумитаи телевизион ва радио, ҷавонон ва варзиш, ҶСК «Неругоҳи барқи обии «Роғун»», намояндагони ВАО, ташкилоту муассисаҳои тахассусӣ ва донишгоҳу донишкадаҳо ширкат варзиданд.
Директори МД «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Файзализода Ҷумъахон Хол чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, оид ба зарурати мураттаб сохтани феҳристи адабиёт оид ба ин иншооти бузурги аср суханронӣ намуда, китоби «Ормони миллат: Роғун – бузургтарин сарбани асри нав»-ро муаррифӣ намуд. Дар фарҷоми чорабинӣ Абдуллои Раҳнамо – мудири бахши робитаҳои хориҷии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шеъри тозаэҷоди хешро бо унвонии «Ҳамосаи Роғун» қироат намуда, хотири ҳамагонро болида гардонд.
Маврид ба ёдоварист, ки Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистони Китобхонаи миллӣ соли 2012 бо мақсади фароҳам овардани фонди алоҳидаи ҳуҷҷатҳои расмии давлатӣ ва асноди марбут ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Вазифаи асосии Медиатека бунёди фонди алоҳидаи ҳуҷҷатҳои расмии давлаии дар воситаҳои ахбори омма интишорёфта: анъанавӣ (нашрияҳои чопӣ), электронӣ, гӯё, маҷозӣ, таъмини амният ва истифодабарии дарозмуддати фонди эҳтиётии ҳуҷҷатҳои электронӣ (микрофилмҳо, микрофишаҳо, микрочиптаҳо, дискҳои оптикии гуногунҳаҷм, маъхазҳои компютерӣ, саҳифаи интернетӣ ва дигар навъҳои воситаҳои электронӣ) мавҷудбуда; гирдоварӣ, мураттабсозӣ, феҳристнигорӣ, ҳифз, коркарди илмӣ ва нигаҳдории маҷмӯи пурраи ҳуҷҷатҳои расмии давлатӣ ва асноди марбут ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Медиатека фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор, инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» амалӣ менамояд.