03

Июл, 2025
Панҷшанбе

03

Июл, 2025
Панҷшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ХАТЛОН: ТАҶИЛИ РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК

 

bjghh 180

Субҳи 10-уми ноябри соли 2022 бахшида ба «Рӯзи милитсияи тоҷик» дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар чорабинии идона баргузор гардид, ки дар он раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар меҳмонони фахрӣ иштирок намуданд.

Маросими идона бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷикро раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо сухани табрикотӣ ифтитоҳ бахшида, кормандони мақомоти корҳои дохилиро ба ин санаи шарафманд муборакбод гуфта, аз қаҳрамониву далерии кормандони мақомоти қудратӣ дар ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ ёдовар шуд.

Зикр гардид, ки Тоҷикистони азизи мо бо шарофати неъмати бебаҳои Истиқлол ва худшиносии миллӣ устуворона қадам гузошта истодааст, ки ин самараи ҷаҳду талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми ватандӯсту меҳанпарасти ин диёр мебошад.

- Дар солҳои Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон фароҳам гардид, ки сохтори мақомоти милитсияи тоҷик ба тадриҷ рушду такмил ёфта, аз ҳисоби ҷавонмардони ғаюру матиниродаи кишвар кадрҳои шоистаи сохтори мазкур тарбияву обутоб ёфта, имрӯз ба Ватани худ содиқона хизмат намуда истодаанд.

Дар чорабинии идона бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамчунин, Садори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон полковники милитсия Нозимзода Файзулло Ватан суханронӣ намуда, аз таърихи таъсисёбӣ ва марҳилаҳои рушду такмили мақомоти корҳои дохилӣ дар кишварамон ёдовар гардид.

Ба гуфтаи мавсуф мақомоти милитсия дар Тоҷикистон дар шароити ниҳоят вазнину душвор фаъолияти худро оғоз намуда, тӯли солҳои пешин ба ӯҳдаи кормандони он вазифаҳои ниҳоят мураккаб гузошта шуда буд, ки онҳо бо ҷасорату мардонагӣ ва садоқат ба Ватан аз уҳдаи вазифаҳои бар зимма доштаашон бо сарбаландӣ баромада тавонистанд.

Дар идомаи маросими тантанавӣ бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик аз ҷониби раиси вилояти Хатлон як қатор кормадони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳо, бо Сипоснома ва рутбаҳои нави хизматӣ сарфароз гардиданд. Ҳамчунин, дар ин рӯз ба собиқадорон, оилаҳои кормадони милитсияи тоҷик, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ қаҳрамонона ҳалок шудаанд, туҳфаву мукофотпулиҳо расонида шуд.

Ҷамолиддин САЙФИДДИН, Далер Шарифов шаҳри Бохтар

:.  Хабарҳо 11.11.2022 04:38 508

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz