03

Июл, 2025
Панҷшанбе

03

Июл, 2025
Панҷшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Оғози Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Бохтар

 

iuyub 222

Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон субҳи имрӯз ҳайати меҳмонону иштирокчиёни ин чорабинӣ ба шаҳри Бохтар ташриф оварданд. Меҳмононро дар майдони Парчами давлатӣ муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода ва адибону фаъолони соҳаҳои гуногуни шаҳри Бохтар истиқбол гирифтанд.

Тибқи иттилои Вазорати фарҳанги кишварамон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то 6-уми ноябр идома ёфта, аз ҷумла, рӯзҳои 3-4 ноябр Рӯзҳои фарҳангии Эрон бо иштироки ҳайати меҳмонон дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб идома меёбанд.

Тавре меҳмонони кишвари ба мо дӯсту ҳамзабони Эрон изҳор доштанд мардумони Тоҷикистон Эрон решаҳои муштараки фарҳангӣ, илмиву адабӣ доранд. Шоҳномаи Ҳаким Фирдавсӣ далели рӯшани он аст, ки дар гузаштаи дури таърих ниёгони мо арзишҳои муқаддаси фарҳангӣ илмиву адабии ягона доштанд.

Тибқи нақша нимаи дуюми имрӯз дар Кохи Фарҳанги шаҳри Бохтар чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон баргузор мегардад, ки дар он муовини раиси вилояти Хатлон, муовини Вазири Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини вазири Фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон суханронӣ хоҳанд намуд. Дар ин рӯз ҳамчунин, ҳунармандони Ҷумҳурии Исломии Эрон барномаи ҳунарии хешро пешкаши иштирокчиён месозанд.

Дар доираи чорабиниҳои бахшида ба Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ҳайати меҳмонону иштирокчиён аз Осорхонаи вилоятии таъриху кишваршиносии ба номи “Авасто”-и шаҳри Бохтар ва Майдони Нишони давлатии шаҳри Бохтар боздид намуда, аз тамошои барномаи фарҳангии ҳунармандони вилояти Хатлон баҳравар мегарданд.

Мавриди зикр аст, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон аз 9-уми январи соли 1992 барқарор шуда, дар ин рӯз Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе ва сипас, 18-уми июли соли 1994 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон ба фаъолият шурӯъ намуда буданд.

Тавре огоҳӣ дорем, қаблан дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Самарқанд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Саид Иброҳим Раисӣ масоили ҳамкориҳои бисёрҷонибаро баррасӣ намуда буданд. Дар ин мулоқот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба арзишҳои муштараки таърихиву фарҳангии ду халқ, дар ояндаи наздик баргузории Рӯзҳои фарҳангии кишварҳоро дар қаламравҳои мамолики якдигар, нақши муҳим дар таҳкими робитаҳои фарҳангӣ арзёбӣ намуданд.

Ин буд, ки нахуст давоми рӯзҳои 3-9 октябри соли ҷорӣ Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Эрон баргузор гардид. Дар доираи ин рӯзҳо намоиши аксу мусаввараҳо, ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллии тоҷикӣ, намоиши театрии “Дирафши ковиёнӣ”-и Театри ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, барномаҳои консертии ҳунармандони маъруфи Тоҷикистон, “Шаби шеър” бо иштироки шоирони шинохтаи тоҷик ва адибони эронӣ ва намоиши филмҳои “Муаллим” ва “Роҳ”-и коргардони тоҷик Носир Саидов пешкаши ходимони намоёни сиёсӣ, фарҳангӣ, адабӣ ва сокинони шаҳри Теҳрон гардонида шуд.

Ҷамолиддин САЙФИДДИН, Далер Шарифов, шаҳри Бохтар

:.  Хабарҳо 03.11.2022 09:01 522

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz