04

Июл, 2025
Ҷумъа

04

Июл, 2025
Ҷумъа

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Оид ба ҳуқуқи кӯдак дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон машғулияти такмили ихтисос оғоз шуд

 

takmili-ihtisos   676767Дирӯз дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи барномаи «Татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ ва миллӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои котибони комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ машғулияти такмили ихтисос ифтитоҳ гардид, дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Дар расми ифтитоҳи он Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода, муовини Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода, Директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академия Ибодат Ғанизода ва намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Ректори Академия Абдухалил Ғафурзода иброз дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳифз ва таъмини ҳуқуқҳои кӯдакон, фароҳам овардани шароит барои рушди муносиб ва таълими онҳо ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян карда шудааст. Дар ҷумҳурӣ дастгирии низоми ҳуқуқҳои кӯдакон ҳам дар сатҳи қонунгузорӣ ва ҳам институтсионалӣ амалӣ карда мешавад.

Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдакро соли 1993 ба тасвиб расонда, иҷрои уҳдадориҳои дар ин санад зикршударо ба зимма гирифт. Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак яке аз аввалин конвенсияҳое мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ онро ба тасвиб расонид ва уҳдадориҳои ҳақиқии худро барои насли ҷавон ҳамчун ояндаи дурахшони кишвар нишон дод. Тибқи Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак, ҳар шахси аз 18-сола хурд кӯдак ба шумор меравад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон» аз 18 марти соли 2015 қабул шуда, фарогири ҳамаи ҳуқуқҳои кӯдакон аст. Инчунин дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбат ба кӯдакон барои солҳои 2017-2021 қабул шудааст.

 

:.  Хабарҳо 13.09.2022 04:48 514

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz