04

Июл, 2025
Ҷумъа

04

Июл, 2025
Ҷумъа

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Душанбе барномаҳои фарҳангию фароғатӣ баргузор мегарданд

hibigig 64646

 

Ба ифтихори 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 8 - 9 сентябр дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе барномаҳои гуногуни фарҳангию ҳунарӣ, сайру гашти оммавӣ ва намоишҳои ҷолиб баргузор мегардад, хабар медиҳадл АМИТ «Ховар».

     9 сентябр аз соати 09.00 то 11.00 дар Боғи «Ирам» ҳунармандони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев ва Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ барномаи театрӣ ва суруду мусиқии дилангезро пешкаши сокинон ва меҳмонон мегардонанд. Дар ин рӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Кӯли ҷавонон» Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертии Вазорати фарҳанги кишвар барномаи ҷолиби фарҳангиро манзури сокинон менамояд. Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии «Лола» ва ансамбли «Сомон» дар майдончаи фарҳангии хиёбони Сино барномаи фарҳангӣ ва рақсҳои тоҷиконаро манзур мегардонанд. Ҳамчунин, дар ин рӯз Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо», Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Фирдавсӣ»-и пойтахт барномаи ҷолибро пешниҳод менамоянд.

Ҳамчунин дар ин рӯз аз аз соати 15.00 то 17.00 дар Боғи «Ирам» Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ, дар Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» ҳунармандони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев ва Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо», Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода дар Майдончаи фарҳангии хиёбони Сино, Ансамбли «Лола» ва ансамбли «Сомон» дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Фирдавсӣ» бо барномаҳои ҷолиби идона хотири меҳмонону сокинони шаҳрро шод мегардонанд.

   Аз 9 то 11 сентябр ба истиқболи 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои фарҳангӣ-фароғатии сиркӣ пешниҳоди тамошобинон гардонда мешаванд. Ин барномаҳо барои шаҳрвандони синни гуногун равона гардида, дар онҳо бештар жанрҳои сиркӣ, аз ҷумла, гимнастика, акробатика, дрессура (ромкунандаи ҳайвонот), эквилибристика (мувозинатнигаҳдорӣ), клоунада (масхарабозӣ), жонглёр (саққобоз), атлетика (варзиш), фокус (чашмбандӣ) ва ғайра пешниҳод мегарданд.

       С. Ашӯрова

                          

 

:.  Хабарҳо 08.09.2022 11:27 508

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz