03

Июл, 2025
Панҷшанбе

03

Июл, 2025
Панҷшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

БОНУВОН ДАР ВАЗИФАҲОИ РОҲБАРИКУНАНДА: ГУЛБАҲОР НАЗИРӢ МУОВИНИ НАВИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ТАЪЙИН ШУД

 

Gulba-or-13131313

  Мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 425 аз 17 августи соли 2022 Назирӣ Гулбаҳор Назир муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъйин гардид.

Гулбаҳор Назирӣ аз моҳи марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст. Ӯ 19 сентябри соли 1970 дар оилаи зиёӣ ба дунё омада, таҳсилдидаи мактаби миёнаи № 5-и шаҳри Хуҷанд аст. Факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуровро (1987-1992) бо дипломи аъло поён бурдааст. Ихтисоси иқтисодчиро аз факултети иқтисоди донишгоҳи мазкур солҳои 1992 — 1997 соҳиб гаштааст.          

Фаъолиятро дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров (1992 – 2007) ба роҳ монда, аз соли 2007 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар вазифаҳои омӯзгор, сармуаллима, дотсент ва декани факултет фаъолият кардааст. Соли 2009 Гулбаҳор Назирӣ рисолаи номзадиро дар Шурои диссертатсионии Институти тадқиқоти иқтисодии назди Вазорати савдо ва рушди иқтисод дифоъ намудааст. Докторанти Институти муаммоҳои бозории Академияи илмҳои Россия мебошад. Бо унвони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ифтихорномаи Вазорати мазкур қадр шудааст.

Монография, китобҳои дарсӣ ва зиёда аз 50 мақолаи илмии ӯ дар маҷаллаҳои ватанӣ ва хориҷӣ (Русия, Эрон ва Ҳиндустон) нашр гардидаанд.

                                                                                                   

С. Ашӯрова

 

 

 

:.  Хабарҳо 20.08.2022 12:59 494

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz