04

Июл, 2025
Ҷумъа

04

Июл, 2025
Ҷумъа

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Таҷлили Рӯзи табибон дар вилояти Хатлон

 

njvvschfhv 06060606Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи табибон дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар аз намоиши маҳсулоти тиббӣ, гиёҳҳои шифобахш, сарулибос ва асбобу лавозимоти касбии кормандони соҳаи тандурустӣ оғоз гардид.

Маросими расмиро бахшида ба “Рӯзи табибон” раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ифтитоҳ бахшида, оид ба муваффақияту дастовардҳои соҳаи тандурустии вилоят дар солҳои соҳибистиқлолӣ суханронӣ намуд.

Зикр гардид, ки соҳаи тандурустӣ дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҷиҳати ҳифзи солимии ҷомеа ва рушду пешрафтҳои соҳа иқдомҳои ояндасозе татбиқ гардида истодааст.

Мавриди зикр аст, ки дар солҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи бунёди садҳо муассисаҳои тиббӣ ва таъсисёбии чандин муассисаҳои миёнаи касбии тиббӣ ва бахусус, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара, вобаста ба муҷаҳҳазгардонии беморхонаву Марказҳои саломатӣ ва дигар муассисаҳои тиббӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят иқдомҳои бузург амалӣ гардидаанд.

   Айни замон дар ҳудуди вилояти Хатлон 165 адад муассисаҳои тиббии хусусӣ ба истифода дода шуда, таҷҳизотҳои муосир дар хизмати мардум қарор доранд. Баҳри омода намудани кадрҳои ихтисосманди соҳа ва кормандони миёнаи тиб дар вилоят илова ба коллеҷҳои тиббии давлатӣ, инчунин 13 коллеҷҳои тиббии хусусӣ таъсис дода шудааст, ки дар тарбия ва омода намудани кадрҳои миёнаи тиббӣ нақши муҳим доранд.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин аз нақши муассири табибони ҳозиқ ва пайравони содиқи Сино дар солҳои мубориза ба бемории COVID-19 ёдрас карда шуд, ки бо ҷасорату садоқат ба савганди касбӣ дар пешгирии ҷомеа аз ин вабои аср хизматҳои шоён анҷом додаанд.

Биноан, дар шароити замони муосир ва минбаъд низ масъулияту рисолати касбии табибон ва бародарону ҳамшираҳои шафқат дучанд мегардад, то бо саъю кӯшиши такмили донишу таҷрибаи касбӣ дар пешгирӣ аз ҳама гуна бемориҳо ва солимгардонии ҷомеа саҳми арзандаи хешро гузоранд.

Бинобар иттилоъ, давоми чанд соли охир дар партави таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон, бахусус, соҳаи тандурустии он, баҳри ҳавасмандсозӣ ва дастгирии кормандони соҳаи тиб дар баробари дастгириҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла баланд бардоштани музди маоши кормандони соҳаи тиб ва маблағгузории соҳа, ҳамчунин як зумра озмунҳо, аз ҷумла Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон – “Вориси Сино”, озмуни вилоятии «Беҳтарин муассисаи тиббии сол», «Беҳтарин табиби сол», «Беҳтарин корманди миёнаи тиббии сол» ва «Беҳтарин дастоварди соҳаи тиб дар вилоят» эълон карда шудааст. Дар ин замина, барои ҳар як номинатсияи озмунҳо 5000 сомонӣ муқаррар гардида, ҳамчунин, дар самти тадқиқотҳои соҳавӣ низ қадршиносӣ барои ҳимояи рисолаи докторӣ ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ ва номзади илм ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ муқаррар гардидааст.

Дар идомаи чорабинӣ бахшида ба Рӯзи табибон 6 нафар табибон бо ҷоизаи “Ворисони Сино” ва даҳҳо тан собиқадорону кормандони фаъоли соҳаи тандурустии вилоят бо сипосномаву ифтихорнома ва мукофотҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадрдонӣ гардиданд.

Дар интиҳои чорабинӣ аҳли фарҳанги вилоят бо барномаи мусиқии омоданамудаи худ хотири иштирокчиёну меҳмононро шод гардонданд.

         Ҷамолиддин САЙФИДДИН,

              вилояти Хатлон

:.  Хабарҳо 18.08.2022 06:02 633

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz