04

Июл, 2025
Ҷумъа

04

Июл, 2025
Ҷумъа

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

АВВАЛИН БОНУЕ, КИ ДИРЕКТОРИ ИНСТИТУТИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ БА НОМИ А. РӮДАКӢ ТАЙИН ШУД

 


Farangis-SHarifzoda

Фарангис Шарифзода (Шарипова Фарангис Худоиевна) духтари олими шинохтаи тоҷик, профессор Худоӣ Шарифзода, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 июли соли равон директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъйин карда шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Фарангис Шарифзода аввалин занест, ки дар таърихи Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ директории ин муассисаи илмию тадқиқотӣ таъйин шуд. Ӯ омӯзгор, забоншинос, доктори илмҳои филологӣ, профессор буда, 10-уми октябри 1970 ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1992) ва аспирантураи ҳамин донишгоҳ (2001) мебошад. Аз соли 2001 устоди кафедраи таърихи забон ва типология Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аз феврали соли 2006 сардори департаменти забони англисии Донишгоҳи гуманитарии байналмилалӣ, аз сентябри соли 2006 сардори департаменти филологияи тоҷик ва журналистикаи ҳамин донишгоҳ, аз августи соли 2007 проректори аввал оид ба корҳои таълими Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон, аз октябри соли 2009 дотсенти кафедраи таърихи забон ва типологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аз соли 2010 докторанти кафедраи мазкур буд ва айни замон профессори ҳамин кафедра аст.

Мавсуф муаллифи мақолаҳои илмӣ ва оммавии бешумор аст, ки дар китобу маҷаллаҳои илмӣ ва рӯзномаҳо чоп шудаанд.

Осори илмии ӯ: «Хусусиятҳои вожагонии «Кашф-ул-маҳҷуб»-и Ҳуҷвирӣ (Душанбе: Ирфон, 2011.- 140 с.), Муқаддима ва баргардони китоби «Забони паҳлавӣ» (Душанбе, 2011.- 140 с.), “Назарияи сохтори ҷумла” (Душанбе, 2013.- 220 с.) ва ғайра.

Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии АМИТ соли 1932 таъсис ёфта, олимони номваре чун Муллоҷон Фозилов, Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов, Холиқ Мирзозода, Носирҷон Маъсумӣ, Абдуқодир Маниёзов, Додихудо Саймиддинов, Сайфиддин Назарзода, Акбари Турсун, Носирҷон Салимӣ сарвари он буданд. То Фарангис Шарифзода дар ин вазифа Боймурод Шарифзода фаъолият дошт, ки бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 13 июли соли равон бинобар ба кори дигар гузаштанаш аз вазифа озод карда шуд.

                                                                                              С. Ашӯрова

 

 



:.  Хабарҳо 15.07.2022 13:11 449

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz