04

Июл, 2025
Ҷумъа

04

Июл, 2025
Ҷумъа

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

НИЛУФАР АЗИЗОВА БАРАНДАИ ФИНАЛИ МАХСУСИ «CENTRAL ASIA’S GOT TALENT» ГАРДИД

 




 33333333333

Нилуфар Азизоваи 15-сола аз Тоҷикистон барандаи финали махсуси озмуни телевизиони «Central Asia’s Got Talent» («Осиёи Марказӣ истеъдодҳоро меҷўяд») гардида, ҷоизаи пулии 1 миллион танга (ҳудуди 2100 доллар)-ро ба даст овард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи «Central Asia’s Got Talent» иттилоъ медиҳад.

Дар озмун намояндагони панҷ кишвар - Қазоқистон, Ўзбекистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Қирғизистон ширкат доштанд. Созмондиҳандагони лоиҳа тасмим гирифтанд, ки туњфаи ғайричашмдошт кунанд ва финали махсус эълон намуданд, ки дар он бояд як ғолиби дигар муайян карда шавад. Барои бисёре аз иштирокчиён ин қарори ҳакамон имконияти дуюми ғолибият дар озмун буд.

Аз миёни номзадҳо ҷолибтарин намоишномаҳо интихоб шуданд, ки дар миёни онҳо композитсияи «Ман худамро нағз ҳис мекунам»-и Ҷеймс Браун дар иҷрои Нилуфар Азизова буд, ки дар даври ниманиҳоӣ иҷро кардааст. Гуфта шуд, ки овози зебо, гуногунҷанбаӣ дар иҷро, ошкорбаёнӣ ва самимияти овозхони ҷавони тоҷик дили миллионҳо тамошобинонро тасхир кард ва ӯ бо гирифтани аксари овозҳо барандаи финали вижа гардид.

Нилуфар аз синни 6-солагӣ таҳти роҳбарии Тањмина Рамазонова, сарояндаи гурӯҳи «Авесто», ки ӯро ба ин озмун омода кардааст, овозхонӣ менамояд. Ӯ инчунин, мактаби мусиқии фортепиано ва скрипкаро хатм намуда, дар озмуну консертњои гуногуни мусиқӣ фаъолона иштирок мекунад. Ӯ барои ширкат дар озмуни «Ситораҳои Тошканд», ки моҳи октябри соли равон баргузор мешавад, дархост пешниҳод намудааст.

Ёдовар мешавем, ки соли 2020 сарояндаи ҷавони Тоҷикистон Чоршанбе Аловатов барандаи Гран-прии озмуни «Central Asia’s Got Talent» шуда буд. Нилуфар Азизова қаблан дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» иштирок карда, сазовори ҷои дуюм гардида буд.

:.  Хабарҳо 14.07.2022 09:17 448

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz