04

Июл, 2025
Ҷумъа

04

Июл, 2025
Ҷумъа

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Ҳунармандони театрҳои ҷумҳурӣ дар 6 ҷашнвораи байналмилалӣ ширкат варзиданд

 

IMG 20220712_100137_HHTБо мақсади муаррифии санъати касбии миллӣ ҳунармандони театрҳои кишвар дар 6 моҳи аввали соли равон дар 6 ҷашнвораи байналмилалӣ иштирок намуданд, иттилоъ дод вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Зулфия Давлатзода, зимни нишасти хабарии вазорат, ки 12 июли соли ҷорӣ баргузор гардид.

         Аз ҷумла, ҳайати эҷодии Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ бо намоиши «Фирдавсӣ» ва театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи М. Назарови шаҳри Хоруғ бо намоиши «Лаъли Бадахшон» дар 40-умин Фестивали байналмилалии театрии «Фаҷр»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон, Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ дар Фестивали байналмилалии театрӣ дар Ҷумҳурии Туркия, Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковский дар Фестивали байналмилалии театрҳои русӣ дар шаҳрҳои Саранск ва Тамбови Федератсияи Россия ва Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе дар Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтаки «Перекрёсток»-и шаҳри Новосибирск, Театри вилоятии мазҳакаи мусиқии ба номи К. Хуҷандии шаҳри Хуҷанд дар Фестивали байналмилалии «Смоленский ковчег» дар шаҳри Смоленск ширкат варзида, инчунин сафари ҳунарии Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе ба вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба вуқуъ пайваст.

         Дар маҷмуъ, дар шашмоҳаи аввали соли 2022 дар театрҳои касбии кишвар 28 асари нав саҳнавӣ гардида, аз ин шумора дар театрҳои пойтахт 8 намоиш ва дар театрҳои музофотӣ 20 намоиш рӯи саҳна омад.

 

                                                                                              Ситора Ашӯрова

:.  Хабарҳо 12.07.2022 16:38 391

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz