04

Июл, 2025
Ҷумъа

04

Июл, 2025
Ҷумъа

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Соли 2022 хонандагони тоҷик аз Олимпиадаҳои байналмилалӣ 140 медали тило ба даст оварданд

 

 Дар соли 2022 8 ҳазору 419 нафар хонандаи тоҷик имконияти дар 11 олимпиадаи байналмилалӣ мустақиман ва тариқи фосилавӣ аз фанҳои математика, физика, химия, табиатшиносӣ ва забони англисӣ дар давлатҳои Амрико, Венгрия, Италия, Словения, Босния-Герсиговения, Қазоқистон ва Узбекистон иштирок намуданро  пайдо карданд. Дар ин олимпиадаҳо хонандагони тоҷик дар миёни хонандагони давлатҳои пешрафтаи дунё сазовори 1058 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 140 медали тилло, 368 медали нуқра ва 550 медали биринҷӣ гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

 Бояд тазаккур дод, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии худро беҳбуд бахшидан ба маорифи миллӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилоти мактабӣ, ворид шудан ба фазои таҳсилоти байналмилалӣ ва истифодаи стандартҳои байналмилалии таълим эълон кардааст.

Ҳамин аст, ки Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фармони худ аз 31 январи соли 2020 солҳои 2020-2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва маориф» эълон карданд.

Натиҷаи ин аст, ки хонандагони муассисаҳои мамлакат рӯз аз рӯз ба омӯзиши илмҳои дақиқ рӯ оварда, дар олимпиадаҳои сатҳи ҷаҳонӣ натиҷаи хуб нишон дода истодаанд.

Инчунин дар соли равон дар кишвар 24 олимпиадаи ҷумҳуриявии фаннӣ, аз ҷумла 13 намуди олимпиада аз фанҳои табиӣ-риёзӣ ва 11 намуди олимпиада аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ гузаронида шуд.

Ҷамъбаст ва натиҷагирии даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннии хонандагони синфҳои 5-11 муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар соли 2022 нишон дод, ки дар онҳо 6410 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Таҳлилҳо нишон дод, ки иштироки хонандагон дар ҳаракатӣ олимпӣ нисбат ба соли 2021 2167 нафар зиёд буда, 42,2 фоизи иштирокчиён ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд.

Бо мақсади иҷрои дастури Сарвари Давлат ва нақша- чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷимкистон бо назардошти корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ фарогирӣ ба маҳфилҳои марказҳои таҳсилоти иловагӣ нисбат ба семоҳаи аввали соли равон 4870 нафар зиёд гардида, дар умум фарогирӣ ба 62162 нафар аъзо расид. Соли дуюм аст, ки аъзои маҳфилҳои марказ дар олимпиадаҳои минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ аз фанҳои биология ва химия фаъолона иштирок намуда, сазовори 18 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 2 ҷойи якум, 8 ҷойи дуюм ва 8 ҷойи сеюм гардида, як нафар роҳхат ба даври олимпиадаи ҷаҳонӣ аз фанни биология гардид.

             Бознашр аз АМИТ  " Ховар"

 

 

:.  Хабарҳо 11.07.2022 13:17 396

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz