04

Июл, 2025
Ҷумъа

04

Июл, 2025
Ҷумъа

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

БОРИ АВВАЛ ДАР ТОҶИКИСТОН ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ISI JUNIOR-2022» ОИД БА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИНФОРМАТСИОНӢ ДОИР МЕГАРДАД

 

 photo 2022-07-05_17-50-05   Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи № 3 барои хонандагони болаёқат»-и назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе 2 июл маросими ифтитоҳии Олимпиадаи байналмилалии «ISI Junior-2022» оид ба технологияҳои информатсионӣ баргузор гардид.

    Бино ба маълумоти Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе олимпиадаи байналилалии «ISI Junior-2022» оид ба технологияҳои информатсионӣ ҳамоиши илмиву таҷрибавии маъруф ва озмудашудаи кӯдакону наврасони соҳибистеъдод ба шумор рафта, он бори аввал бо ташаббуси Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 9 июни соли 2022, №289 дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

    Баргузории Олимпиадаи байналилалии «ISI Junior-2022» оид ба технологияҳои информатсионӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби дигар кишварҳо ҳамовозии амиқ пайдо намуда, дар он 27 дастаи олимпии наврасон - 158 нафар хонанда ва 28 мураббӣ аз давлатҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Белорусия, Афғонистон, Туркманистон ва Федератсияи Россия иштирок доранд.

    Ҳамзамон, наврасони кишварҳои Озарбойҷон, Муғулистон, Ҳиндустон, Шри-Ланка, Хитой, Сурия ва Куба дар 20 даста, ки 134 нафарро ташкил медиҳанд, ба тариқи фосилавӣ дар кори он ширкат меварзанд.

    Боиси тазаккур аст, ки Олимпиадаи байналилалии «ISI Junior-2022» оид ба технологияњои информатсионӣ рӯзҳои 1 то 7 июли соли 2022 дар шаҳри Душанбе идома меёбад.

:.  Хабарҳо 05.07.2022 15:12 460

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz