04

Июл, 2025
Ҷумъа

04

Июл, 2025
Ҷумъа

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ДАР «КОХИ СОМОН» КОНФРОНСИ ДУЮМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД БАХШИДА БА ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018 – 2028» ОҒОЗ ЁФТ

 

Kohi-Somon-2022-06-07-4

7 июни соли равон дар шаҳри Душанбе Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Пешбурди амал ва шарикӣ дар соҳаи захираҳои об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» шурӯъ шуд.

Дар Конфронс беш аз 2000 нафар шахсони воломақом, сиёсатмадорон, олимон, коршиносон, намояндагони  ҳукумати мамлакат, Созмони Миллали Муттаҳид ва зерсохторҳои он, институтҳои молиявӣ, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, муассисаҳои илмӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла ҷавонон ва бонувон бевосита ва ба таври маҷозӣ ширкат доранд.

Барои инъикоси ҷараёни Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», беш аз 500 намояндаи ВАО-и маҳалӣ ва хориҷӣ номнавис шудаанд.

Ду толори алоҳидаро дар маркази матбуотии макони баргузории конфронс созмон додаанд, ки дар беҳтарин шароит рӯзноманигорон метавонанд аз ҷараёни кори конфронс хабару гузоришҳоро ба таври фаврӣ таҳия намоянд.

Конфронси мазкур марҳилаи калидӣ дар омодагӣ ба Конфронси СММ оид ба шарҳи миёнамуҳлати Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки моҳи марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раёсати Тоҷикистон ва Нидерланд баргузор мешавад, хоҳад буд. Интизор меравад, ки Конфронси шаҳри Ню-Йорк на танҳо аз нигоҳи вақт (бори нахуст пас аз тақрибан 50 сол), балки аз ҷиҳати натиҷагирӣ низ таърихӣ буда, нуқтаи гардиш дар суръатбахшии амалҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои обро нишон медиҳад.

:.  Хабарҳо 07.06.2022 06:07 550

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz