04

Июл, 2025
Ҷумъа

04

Июл, 2025
Ҷумъа

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУҲОФИЗАТИ КӮДАКОН ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

 

Kudakon1

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон 1-уми июн дар  шаҳри Бохтар Ҳамоиши бошукӯҳ баргузор гардид, ки дар он тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ, муҳассилини синфҳои ибтидоӣ иштирок намуда, дастовардҳои эҷодиву ҳунарҳои гуногуни дар боғчаву таълимгоҳҳо ноил гардидаи худро манзури меҳмонон гардонданд.  

Маросими расмии бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдаконро бо сухани табрикотӣ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ифтитоҳ бахшида, иброз дошт, ки дар муҳити солиму беҳтарин шароитҳо ба таълиму тарбия фаро гирифтани наслҳои ояндаи мамлакат пайваста дар маркази диққати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо қарор дорад.

Kudakon2

Бо мақсади таъмини ҳифзи иҷтимоии кӯдакон, хусусан, кӯдакони маъюб, оид ба нигоҳубину парасторӣ, таҳсили ройгон, таъминот бо нафақа, хобгоҳ, ҷои кор ва беҳтар намудани вазъи моддии кӯдакон то имрӯз  аз ҷониби Ҳукумати кишвар тадбирҳои зиёде андешида шудааст. Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар самти таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакон дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо комиссия ва сохтор оид ба ҳуқуқи кӯдак фаъолият карда истодаанд, ки аз таваҷҷуҳи махсуси Роҳбари давлат ба соҳаи мазкур шаҳодат медиҳад.

Дар идомаи чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи байналмиллалии муҳофизати кӯдакон аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба ғолибони Озмунҳои адабиву ҳунарӣ ва пешоҳангони мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ Ифтихорномаву туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Kudakon3

Маврид ба ёдоварист, ки аз 21 апрел то 31 май дар вилояти Хатлон таҳти унвони “Чил рӯзи ҳаёти кӯдакон” чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву варзишӣ, маърифативу баргузор гардида буд, ки дар ин рӯз ғолибону иштирокчиёни фаъоли он аз ҷониби мақомоти иҷроияии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадрдонӣ карда шуданд.

Дар идомаи ҳамоиш ба ифтихори Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон дар майдони нишони давлатии шаҳри Бохтар, аҳли фарҳанг дар якҷоягӣ бо маҳфилҳои ҳунармандони наврас барномаҳои мусиқӣ ва саҳнаҳои аз афсонаҳои халқӣ омода намудаи худро пешкаши тамошонгарон гардонданд.

:.  Хабарҳо 01.06.2022 09:10 388

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz