04

Июл, 2025
Ҷумъа

04

Июл, 2025
Ҷумъа

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ДАР ДУШАНБЕ МАРАФОНИ ҶАҲОНИИ ДАВ ДОИР МЕГАРДАД

 

Mina-Guli-1

4 июн дар Душанбе дар чаҳорчӯби Конфронси дуюми сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва Ҳадафҳои рушди устувор - 6 /ҲРУ/  дави Марафони ҷаҳонӣ  баргузор мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Баргузории дав барои ширкаткунандагони конфронс фурсати хубест, то ҷузъи  маъракаи ҷаҳонӣ бошанд. Иштирокчиён метавонанд марафони пурра (42,2 км) ё масофаи рамзии 6 км бахшида ба Ҳадафҳои рушди устувор-6-ро тай намоянд.

Марафон ба масофаи 42,2 километр 4 июн, соати 3:00 аз назди  меҳмонхонаи «Сароб» дар  осоишгоҳи Хоҷа Обигарм ва қисми рамзии масофаи 6 километр аз дарвозаи шимолии боғи нави «Истиқлол»-и пойтахт соати 09:00  (кӯчаи Саид Носиров, 27) оғоз меёбад. Иштирокчиён метавонанд ба марафон ҳам аз аввал — соати 03:00-и рӯз ва ҳам ба масофаи охирини 6 километр — соати 09:00 ҳамроҳ шаванд. Ин марафон дар назди шаршараи бузурги боғи Наврӯзгоҳ ба анҷом мерасад.

Инчунин, дави дуюми Марафони ҷаҳонӣ  9 июн, соати 05:00 дар назди меҳмонхонаи  «Hyatt Regency Dushanbe»-и шаҳри Душанбе шурӯъ  гардида, баъди  тай кардани 42,2 километр масофа ба самти Ваҳдат хотима меёбад.  Иштироккунандагони конфронс  дар давидан ҳам ба масофаи 6 километр ва ҳам ба масофаи 42,2 километр иштирок карда метавонанд. Барои иштирокчиёне, ки ба масофаи 6 километр  нияти давидан доранд, барои баргаштан ба меҳмонхона бо мақсади иштироки минбаъда дар экскурсияҳо тибқи барномаи конфронс нақлиёт ташкил карда мешавад.

Натиҷаҳои марафонҳо дар Конфронси дуюми Душанбе ва инчунин Конфронси СММ оид ба захираҳои об моҳи марти соли 2023 муаррифӣ хоҳанд шуд.

Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон марафон 16 май оғоз гардида, тибқи барнома дар ҳудуди 11 шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили 11 дав ба масофаи умумии 464 км (ҳар як дав 42,2 км) ба нақша гирифта шудааст.

:.  Хабарҳо 03.06.2022 11:54 414

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz