04

Июл, 2025
Ҷумъа

04

Июл, 2025
Ҷумъа

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН БОТАНТАНА ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД

K-DAKON

 

Ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон Ррӯзи 1 июн, соати 14:00 дар «Боғи кӯдакон»-и пойтахт бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барномаи  бошукӯҳи фарҳангию фароғатӣ таҳти унвони «Кӯдакон-дунёи моянд» доир мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар чорабинӣ намоиши маҳсули эҷоди кӯдакону наврасони муассисаҳои таҳсилоти иловагии ноҳияҳои пойтахт ва шаҳри Душанбе таҳти унвони «Душанбе–шаҳри орзуҳо» ба тамошо  гузошта шуда, инчунин баргузории дигар бозиҳои шавқовар барои кӯдакон дар назар дошта шудааст.

Баъди тамошои намоиш дар амфитеатри «Боғи кӯдакон» барномаи фарҳангӣ доир гардида, ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмуну мусобиқаҳои зеҳнию маърифатӣ ва варзишӣ ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон диплому ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида мешаванд.

Инчунин бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар муассисаҳои томактабии шаҳри Душанбе барномаҳои тарбиявию маърифатӣ роҳандозӣ шудаанд, ки то охири рӯз барои хотирмон таҷлил намудани ин рӯз манзури кӯдакон гардонида мешаванд.

           Дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» низ Рӯзи кӯдакон бо баргузории барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ таҷлил мегардад, ки дар доираи он кӯдаконро шакли зиндаи одамони «Асри санг», «Маликаи Саразм», «Кентавр», инчунин саволу ҷавобҳо, қироати шеър дар васфи Ватан - Модар ва чистонҳо интизоранд. Инчунин ба ғолибон шириниҳо туҳфа карда мешаванд. Барномаҳо ва тамошои онҳо ба ҳамаи қишрҳои ҷомеа, махсусан кӯдакон таъсири мусбат расонида, онҳоро болидарӯҳ ва хушҳол менамоянд.        

:.  Хабарҳо 01.06.2022 06:19 451

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz