04

Июл, 2025
Ҷумъа

04

Июл, 2025
Ҷумъа

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

БОЗ ЯК НАВЪИ ЭЛЕКТРОМОБИЛҲОИ НАВ ДАР ТОҶИКИСТОН. 10 СОМОНӢ ЗАХИРАИ БАРҚ БАРОИ 410 КИЛОМЕТР

 

Elektromobil1

Ширкати “Як такси” электромобилҳои нав ворид намуда, ояндаи наздик ният дорад, ки дар саросари кишвар шабакаи нуқтаҳои пуркунии захираи барқ васл кунад, - Хабар медиҳад АИ «Азия Плюс».

 

Ширкати "Як такси" 20 адад мошини барқӣ (электромобилҳо)-и «BYD E2»-ро вориди кишвар кард. Онҳоро метавон ҳам барои такси ва ҳам барои истифодаи шахсӣ харидорӣ кард.

“Як такси” дистрибютори расмии BYD дар Тоҷикистон эътироф шудааст.

«Батареяҳои ин модел кафолати якумрӣ доранд. Чунин сифат дигар дар ягон ширкати мо набуд. Ғайр аз ин, ширкати маъруфи “Тесла” дар моделҳои ахири электромобилҳои худ батареяҳои ширкати BYD E2»-ро истифода мекунад”, - мегӯяд намояндаи “Як такси” Баҳриддин Шоев.

BYD E2 дорои батареяи 47 киловатт-соата буда, метавонад бо як захира тақрибан 410 километр масофаро тай кунад. Мошинро метавон дар хона аз розеткаи одии дорои ноқили заминӣ пур кард. Барои захираи пурраи барқ тақрибан 6 соат вақт лозим аст. Арзиши он қариб 10 сомонӣ мешавад. Яъне бо барқи арзишаш 10 сомонӣ метавон аз Душанбе то Хуҷанду Исфара сафар кард.

Elektromobil2

Ба гуфтаи Шоев, ҳамчунин “Як такси” тасмим гирифтааст, дар саросари кишвар шабакаи нуқтаҳои пуркунии захираи барқ васл кунад. Ин нахустин чунин иқдом дар Тоҷикистон аст. Ҳоло ҷойгиршавии 10 нуқтаи он дар Душанбе мувофиқа мешавад.

“Дар ҳудуди худи корхона нуқтаи якум аллакай гузошта шуд. Он метавонад ду мошинро дар як вақт барқ диҳад, - мегӯяд намояндаи “Як такси” Баҳриддин Шоев. - Автомобилҳои батареяашон аз 30 то 47 киловатт дар 40 - 45 дақиқа ва батареяашон аз 40 то 87 киловатт - дар 1,5 соат захира гирифта, бо ин захира автомашина метавонад то 600 - 700 километр масофаро тай кунад”.

Батареяи зарфияташ 30-47 киловатт дар нуқтаҳои зудпуркунанда 20-30 сомонӣ ва батареяҳои зарфияташон бештар – 40 - 45 сомонӣ арзиш доранд.

Тақрибан шаш моҳ пеш ширкати “Як такси” аввалин шуда ба кишвар электромобилҳои  Volkswagen E-Lavida-ро бо захираи равуо ба масофаи 300 километр ворид кард. Соҳибони он мегӯянд, мошин хуб аст.

“Қариб шаш моҳ мешавад, ки ин мошинро меронам - мошини хубест,- мегӯяд ронандаи таксии Volkswagen E-Lavida Суҳроб Саидов. - Чанде пеш ба Варзобу Сафеддара сафар доштам, худро хеле хуб нишон дода, бе ягон мушкилӣ рафту омад. Бо он ба Бохтар ҳам рафта, ин ҷо низ ягон душворие пеш наомад. Бо як захира 300 километр масофаро тай мекунад. Барои пур кардани захира бошад, ҳамагӣ 40 дақиқа вақт меравад”.

:.  Хабарҳо 16.05.2022 09:48 479

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz