04

Июл, 2025
Ҷумъа

04

Июл, 2025
Ҷумъа

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ШАШМАҚОМ МАҲФИЛИ ФАРҲАНГӢ ДОИР ГАРДИД

 

kjdg

Ба ифтихори “Рӯзи Шашмақом”, ки ҳамасола 12 май дар ҷумҳурӣ таҷлил мегардад,  дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили фарҳангӣ доир гардид.

Муовини директори китобхонаи мазкур Ҷалолуддин Нурзода аз таърих ва нақши мусиқии шашмақом ёдовар шуда, “Рӯзи Шашмақом”- ро ба мардуми кишвар табрик гуфт. Ӯ аз ҷумла иброз дошт, ки соли 2003 бо пешниҳоди Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон «Шашмақом» ҳамчун шоҳкори мероси фарҳанги ғайримоддӣ ба Феҳристи шоҳасарҳои созмони байналмилалии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Шашмақом яке аз чашмаҳои таърихӣ ва хушкнашаванади санъати овозхонии тоҷик мебошад, ки реша дар таърихи қадим дошта, то имрӯз ба мо расидааст.

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзу нигаҳдорӣ ва ба наслҳои оянда расондани осори фарҳангӣ шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар фаъолият менамояд, ки чорабинии мазкур бо ташаббус он роҳандозӣ шудааст.

Дар ин радиф, доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Аслиддин Низомӣ ва ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ҳаётой Муъминова дар ин маҳфил ширкат ва суханронӣ намуданд.

Маврид ба ёдоварист, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 12 майи соли 2000 ба дастаи мақомхонони назди Кумитаи радио ва телевизиони тоҷик мақоми давлатӣ ва номи устоди забардасти «Шашмақом» Фазлиддин Шаҳобов дода шуда, ин рӯз ҳамасола дар саросари кишвар чун «Рӯзи Шашмақом» таҷлил мегардад.

:.  Хабарҳо 13.05.2022 08:33 499

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz