04

Июл, 2025
Ҷумъа

04

Июл, 2025
Ҷумъа

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

«ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА». ДАР ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ 18 БАРНОМАИ ФАРҲАНГӢ ДОИР МЕШАВАД

 

Osorhonai-millii-Tochikiston

18 май,  аз соати 18:00 то 23:00 бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон  (ОМТ) барномаи  анъанавии «Шабе дар Осорхона» баргузор мешавад.

Дар ин бора сардори шуъбаи экскурсионии  ОМТ Фаридун  Кенҷаев ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод,  ки барномаи имсола аз солҳои гузашта фарқ дошта, дар он 18 барномаи фарҳангӣ  барои гурӯҳҳои тамошобинон, хурдсолон, наврасон, ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеа доир мешавад.

Osorhonai-milli

Ба гуфти мавсуф, «иқдоми баргузории  барномаи   фарҳангию  фароғатии «Шабе дар осорхона» ба ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба  таъриху фарҳанги  мамлакат, боло бурдани  ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, бедор намудани ифтихори ватандорӣ дар ниҳоди насли наврас ва ҷавон  равона гардидааст». Ташкилкунандагони барномаҳои фароғатӣ  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Осорхонаи миллӣ мебошанд. Сарпарасти кулли барнома ширкати ватании «СИЁМА» ва сарпарасти расмии иқдомоти мазкур ширкати «МегаФон Тоҷикистон» (ҶСП «ТТ мобайл») мебошанд.

Иштироки тамошобинон дар барномаҳои осорхона ройгон аст.

Ёдовар мешавем, ки  ҳамасола 18 май  Рӯзи байналмилалии  осорхонаҳо  (International Museum Day) ҷашн гирифта шуда, аз соли 1978 инҷониб 150 давлати ҷаҳон ин рӯзро таҷлил менамоянд.

:.  Хабарҳо 10.05.2022 11:07 685

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz