04

Июл, 2025
Ҷумъа

04

Июл, 2025
Ҷумъа

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

МАСЪАЛАҲОИ ПАРДОХТИ МУЗДИ МЕҲНАТИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ ҲАНГОМИ ТАҲСИЛ ДАР АГЕНТИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ БАРРАСӢ ШУД

 

278800017 122357147078712_593723069204443773_n-1

22 апрели соли ҷорӣ дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин ҷаласаи гуруҳи кории байниидоравӣ оид ба омӯзиши масъалаҳои пардохти музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ ҳангоми таҳсили дарозмуҳлат дар дохил ва хориҷи кишвар баргузор гардид.

 Ҷаласаи гуруҳи кории байниидоравиро Дилноза Аҳмадзода -роҳбари гуруҳи кории байниидоравӣ, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, мақсади таъсиси гуруҳи корӣ ва фаъолияти онро, ки барои омӯзиши масъалаҳои пардохти музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ ҳангоми таҳсили дарозмуҳлат дар дохил ва хориҷи кишвар равона гардидааст, иброз намуд.

Дар ҷаласаи мазкур, аъзои гуруҳи кории байниидоравӣ намояндагони вазоратњои молия, рушди иқтисод ва савдо, адлия, маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Академияи идоракунии давлатӣ ва мутахассисони Агентии хизмати давлатӣ иштирок ва бо пешниҳодҳои мушаххас барои роҳандозии зумраи ҳавасмандиҳо барои хизматчиёни давлатӣ баромад намуданд.

Боиси зикр аст, ки масъалаи мазкур дар асоси талаботи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби нигоҳ доштани музди меҳнат, мансабҳои ишғолшуда ё мансаби ба он баробар ҳангоми таҳсил ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ», ки 23 январи соли 2013 №1399 ба тасвиб расидааст, баррасӣ ва муҳокима карда шуд.

Дар асоси моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти миёнаи касбӣ амалї карда шуда, дар шакли тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ ва дар асоси фармоиши давлатӣ, дар доираи имкониятҳои буҷети давлатӣ ба роҳ монда мешавад.

Дар робита ба ин, дар заминаи ҳамкориҳои Агентии хизмати давлатӣ, Академияи идоракунии давлатӣ ва Бунёди Ханнс Зайдел аз соли 2009 инҷониб бо дастгирии Бунёди Ханнс Зайдели Олмон дар Академияи идоракунии давлатӣ барои хизматчиёни давлатӣ магистратураи яксолаи ройгон бо ихтисоси «Идоракунии давлатӣ» ташкил карда шудааст.

Дар натиҷаи ин ҳамкориҳои муваффақ давоми солҳои 2010 - 2020 магистратураи мазкурро 744 (зан-210) нафар хизматчиёни давлатӣ хатм намудаанд, ки аз он хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ 386 (зан-100) нафар ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 358 (зан-110) нафарро ташкил дода, 51 (зан-16) нафари онҳо кормандони мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мебошанд. Аз теъдоди 744 нафар хатмкардагон 368 (зан-104) нафар ё 49,4 фоизи  онҳо ба болоравии мансабӣ ноил гардидаанд ва соли 2021 боз 76 (зан-24) нафар хизматчиёни давлатӣ магистратураи мазкурро хатм намуданд.

Масъалаи пардохти музди меҳнат дар баробари таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва инчунин таъминот бо стипендияи ҳармоҳа масъалаи ҳалталаб боқӣ монда, бо такя ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ва хулосаи вазорату идораи дахлдор қарори ниҳоӣ қабул карда мешавад, - иброз дошт дар фарҷоми ҷаласаи гуруҳи кории байниидоравӣ, роҳбари гуруҳ, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода.

 Манбаъ: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

:.  Хабарҳо 26.04.2022 11:19 537

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz