05

Июл, 2025
Шанбе

05

Июл, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ОҒОЗИ САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ВИЛОЯТИ СУҒД ВА БА ИСТИФОДА ДОДАНИ КОРХОНАИ МАЪДАНТОЗАКУНИИ ҶСП “ТАЛКО ГОЛД” ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ

278113022 357183053119097_4484162344151547999_n

14 апрел Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии мардум, рафти корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун, боздид аз фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Сафари кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Айнӣ оғоз гардид.

Дар фурудгоҳи муваққатии мавзеи Кончочи ноҳияи Айнӣ Сарвари давлатро Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбарону фаъолони вилоят самимона истиқбол гирифтанд.

278569425 357183299785739_8954211530386245105_n

Дар ин мавзеъ нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи маъдантозакунии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “ТАЛКО Голд”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Аснои шиносоӣ бо раванди коркарди ашёи хом ва дигар корҳои дар ин минтақаи саноатӣ анҷомёфта маълум гардид, ки дар Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “ТАЛКО Голд” дар асоси лоиҳа ва нақшаи тарҳрезигардида ғанисозии маъдан бо усули флотатсиякунонӣ дар як шабонарӯз 5 ҳазор тонна ва солона 1,5 миллион тоннаро ташкил медиҳад. Дар ҳамин замина ҳаҷми истеҳсоли солонаи фулузоти тилло 2,2 тонна ва сурма 21 ҳазор тоннаро дар бар мегирад.

278502282 357183196452416_4696263380989557736_n

Барои ба кор даровардани корхона аз ҷониби  Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Ширкати Алюминийи Тоҷик” ва Ҷамъияти саҳомии “Тибет Хуаюй” 136 миллион доллари амрикоӣ харҷ гардида, истихроҷу ғанисозии маъдан бо истифода аз техника ва технологияи муосири ширкатҳои бонуфузи ҷаҳон сурат мегирад. Аз ҷумла, барои ба хока табдил додани маъдан дар хати технологӣ дастгоҳу таҷҳизоти ширкати “Метсо”-и Финляндия васл карда шудааст, ки дар соҳаи кӯҳкории Аврупо ва ҷаҳон ба таври васеъ истифода мешавад. Техника ва механизми маъданборкунии ширкати “Волво”-и Шветсия бошад, дар қисмати тарзи кушоди кон мавриди истифода қарор дорад. Технологияи 14 коргоҳи ғанигардонии маъдан аз ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас карда шудааст ва дар ин ҷо ашёи хом ба таври автоматӣ коркард мешавад. Ба таъкиди мутахассисони соҳа истифодаи чунин дастгоҳу таҷҳизоти муосир дар раванди истеҳсолот ба самаранокии кор ва сифати маҳсулот таъсири мусбат мерасонад.

278574419 357183359785733_2090887948196992100_n

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи истеҳсоли консентрати тилло ва сурмаи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “ТАЛКО Голд” зиёда аз 1500 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуда, барои татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат аз роҳу усулҳои муосир, ки бозори ҷаҳонӣ онро талаб мекунад, истифода мебаранд. Бештари кормандонро сокинони маҳаллӣ ташкил медиҳанд. Ёдовар мешавем, ки то ин вақт дар корҳои сохтмонӣ ва васлгарии ин иншооти бузурги саноатӣ беш аз 2000 нафар бинокор ва кормандони муҳандисию техникӣ иштирок намуданд.

Таъкид гардид, ки дар ин корхона истихроҷи маъдан тариқи коркарди зеризаминӣ ва тарзи кушод сурат мегирад. То имрӯз барои истихроҷи тилло ва сурма зиёда аз 25 ҳазор метр нақб канда шудааст.

Дар қисмати тарзи кушоди кон бошад, корҳои қабаткушоӣ идома дорад. Ҳаҷми корҳои қабаткушоӣ 218 ҳазору 554 метри мураббаъ ва пармагарӣ бошад, бештар аз 10 ҳазор метр иҷро карда шудааст. Аз қисмати тарзи кушоди кон дар як шабонарӯз зиёда аз 2 ҳазор тонна маьдан истихроҷ ва бо воситаи техникаю механизми зарурӣ ба коргоҳҳои ғанисозӣ интиқол дода мешавад. Ҳамзамон дар маҳалли сохтмон бо дарозии қариб 5 километр канали обгузар бунёд карда шудааст. Тариқи ин канал оби шохобҳои минтақаи Кончоч аз мавзеи корхона берун бурда мешавад, ки ин амал бо мақсади беҳдошти вазъи экологӣ ва зарар нарсидан ба табиати зебою нотакрори ин минтақаи сайёҳӣ иҷро карда шудааст.

Иншооти дигаре, ки бо мақсади беҳдошти вазъи экологии минтақа бунёд карда шуд, ин анбори нигоҳдории партовҳои коркардшуда мебошад. Ин иншоот дорои сарбанди регӣ, буда, ихроҷи партовҳоро нигоҳ медорад. Баландии садди амбори нигоҳдории партовҳо 55 метр мебошад.

Ба гуфти масъулон обҳои техникӣ дар коргоҳҳои бойгардонӣ батакрор бо тарзи занҷири сарбаста истифода мешавад ва он ба муҳити зист таъсири манфӣ намерасонад.

 Барои ба роҳ мондани фаъолияти пурсамару муназзами Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “ТАЛКО Голд” бо насби қариб 100 сутунпояи оҳанӣ аз масофаи 34 километр хати интиқоли баландшиддати неруи барқ кашида шуда, як зеристгоҳ, ки тавоноиаш 110 ба 10 киловолтро дар бар мегирад, бунёд гардидааст.

Ин корхонаи бузурги саноатӣ дар заминаи конҳои Чулбоӣ, Кончоч ва Шахкон бунёд гардида, тибқи маълумоти масъулон захираи умумии сурма 265 ҳазор тонна ва тилло 50 тоннаро ташкил медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки корҳои сохтмонӣ дар ин корхонаи бузурги саноатӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 июни соли 2018 оғоз гардида буд.  12 сентябри соли 2020 Сарвари давлат бо рафти корҳои сохтмонӣ шинос шуда, барои бо сатҳу сифати баланд сохта ба истифода додани корхона ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дода буданд.

Маврид ба таъкид аст, ки давоми солҳои охир бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ дар мамлакат рушди соҳаи саноати металлургӣ таъмин гардида, корхонаҳои нав ба кор дароварда шуданд, ки дар ин замина истихроҷ ва коркарди маъдан то ба ҳадди ниҳоӣ расид ва ин иқдом дар рушди иқтисоди миллӣ ва таъсиси ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ натиҷаи дилхоҳ ба бор овард. Хусусан дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ин раванд вусъати бештар пайдо кардааст.

 

Манбаъ: Хадамоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

:.  Хабарҳо 14.04.2022 05:15 536

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz