04

Июл, 2025
Ҷумъа

04

Июл, 2025
Ҷумъа

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ВОХӮРИИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ ДОНОРҲО ВА ШАРИКОНИ РУШД ДАР СОҲАИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ ДОИР ГАРДИД

278176126 442066761055548_2921222350224993095_n

13 апрели соли равон дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенси»-и шаҳри Душанбе вохӯрии Шурои ҳамоҳангсозии донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ Ширин Амонзода, шарикони рушд, намояндагони вазорату идораҳо ва дигарон ширкат варзиданд.

278286543 442061847722706_5108837807776348047_n

Ш. Амонзода оид ба барномаи ислоҳоти бунёдии соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, то соли 2026 татбиқ намудани як қатор чораҳои муассир дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, танзими муносибатҳои меҳнатӣ, мусоидат ба шуғли шаҳрвандони бекор, ба танзим даровардани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳаллу фаст намудани мушкилиҳои ҷойдошта дар самти муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ ибрози назар намуд ва таъкид сохт, ки расидан ба ин ҳадафҳо бе кумаки шарикони  рушд ва донорҳо, ҷалди манбаъҳои иловагии сармоягузорӣ, кумаки техникӣ ва омӯзиши таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ душвор аст.

278474605 442062207722670_277386004476779439_n

Дар идомаи нишаст Рӯнамои равиш ба таҳияи Харитаи роҳи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 ва зарурату аҳамияти рақамикунонии баҳисобгирии муҳоҷирати хориҷӣ ва ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати дохилӣ манзури донорҳо ва шарикони рушд гардида, дарҷ гардид, ки харитаи роҳи вазорат маҷмуи ҳадафҳои ислоҳоти соҳаҳои вазоратро барои солҳои 2022 - 2026 дар шароите, ки бозори меҳнати ҷаҳонӣ дар марҳилаи барқароршавии баъди буҳрони бемории Covid-19 қарор дорад, бозгӯ менамояд.

Доир ба масъалаҳои мазкур намояндагони донорҳо, шарикони рушд баромад намуда, ташаббусҳои пешбаришударо ҷиҳати таҳкими заминаҳои муносибатҳои меҳнатӣ, тавсеаи шуғли пурмаҳсул, таҳсилоти занону ҷавонон дар шароити кунунӣ ҳамчун тадбирҳои саривақтӣ дониста, барои амалӣ намудани онҳо таҳия ва татбиқи як қатор лоиҳаҳоро дастгирӣ намуданд.

Дар фарҷоми ҷаласаи мазкур пешниҳоду ташаббусҳо ва тасмимҳо барои ҳамкориҳои минбаъда баён гардиданд.

:.  Хабарҳо 14.04.2022 05:10 497

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz