05

Июл, 2025
Шанбе

05

Июл, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН МЕТАВОНАНД ТО 10 РӮЗ БИДУНИ САБТИ НОМ ДАР КИШВАРИ ҲАМСОЯ БИМОНАНД

 

Парлумони Тоҷикистон ба Созишномаи байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар бораи сафарҳои мутақобилаи шаҳрвандон аз 9 марти соли 2018 тағйироту иловаҳо ба тасвиб расонд. Дафтари матбуоти парлумон хабар дод, ки рӯзи 30-уми марти соли ҷорӣ  дар Душанбе ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони (палатаи поёнии парлумони) Тоҷикистон даъвати шашум баргузор шуд. Аз ҷумла, вакилони парлумон Протоколро дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи сафарҳои мутақобилаи шаҳрвандон аз 9 марти соли 2018 баррасӣ карданд.

Аз ҷумла, ба банди 3-и Созишномаи мазкур тағйирот ворид карда шудааст, ки тибқи он шаҳрвандони яке аз тарафҳо, ки ба қаламрави тарафи дигар ворид мешаванд, аз уҳдадории бақайдгирӣ ва бақайдгирии муваққатӣ дар мақомоти салоҳиятдори давлати иқомат ба муддати муайян озод карда мешаванд. (Аз лаҳзаи убури сарҳади давлатӣ ба муддати 10 рӯзи корӣ).

Пас аз баррасӣ вакилони Маҷлиси намояндагон ислоҳи созишномаи мазкурро ба тасвиб расониданд.

 Манбаъ: АИ «Авесто»  

:.  Хабарҳо 04.04.2022 08:21 537

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz