05

Июл, 2025
Шанбе

05

Июл, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ФЕСТИВАЛИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ҲАФТАИ КИТОБИ КӮДАКОНУ НАВРАСОНИ ТОҶИКИСТОН” ДОИР МЕГАРДАД

 

kxcgsSkdgsj12Аз 2 то 9 апрели соли 2022 Фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” таҳти унвони “Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст” бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Фестивал бо иштироки адибон, олимон, коршиносони соҳа дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тӯли як ҳафта доир хоҳад гашт.

Оғози фестивал рӯзи 2 апрел, соати 10.00 дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар бо намоиши китобии “Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст”, намоиши дастраҷи кӯдакону наврасон, намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр, намоиши “Лаҳзаҳо аз фестивал”, намоишномаҳои Театри давлатии ҷумҳуриявии “Лӯхтак” ва Сирки давлатии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Идомаи Фестивал рӯзи 3 апрел, соати 10.00 дар Қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳринав, МТМУ № 32 ноҳияи Сино, соати 11.00 дар МТМУ № 16 ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва соати 14.00 дар Китобхонаи марказии шаҳри Турсунзода доир мегардад.

Рӯзи 4 апрел, соати 10.00 дар Қасри фарҳанги ноҳияи Файзобод, МТМУ № 1 ноҳияи И. Сомонии пойтахт ва дар Қасри фарҳанги шаҳри Роғун соати 14.00 баргузор мешавад. Рӯзи 5 апрел, соати 10.00 дар Китобхона - филиали № 10 ноҳияи Варзоб ва соати 11.00 дар МТМУ № 17 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе барпо хоҳад шуд.

Идомаи фестивал рӯзи 6 апрел, соати 10.00 дар Кохи маърифати шаҳри Ваҳдат, МТМУ № 55-и ноҳияи Шоҳмансур ва соати 11.00 дар МТМУ № 33-и ноҳияи Синои пойтахт доир мешавад.

Фестивал рӯзи 7 апрел, соати 10.00 дар Китобхонаи марказии шаҳри Ҳисор ва соати 11.00 дар Мактаб-интернати № 1-и шаҳри Душанбе идома меёбад. Рӯзи 8 апрел, соати 10.00 дар Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ, МТМУ № 51-и ноҳияи Фирдавсӣ ва соати 11.00 дар МТМУ № 70-и ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе доир мегардад.

Ҷамъбасти Фестивал рӯзи 9 апрели соли 2022, соати 13.00 дар Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе” бо намоиши барномаи фарҳангӣ, намоиши китобҳо ва бо супоридани туҳфаҳо ба иштирокчиёни фаъоли Фестивал баргузор мегардад.

 Манбаъ: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

:.  Хабарҳо 30.03.2022 09:34 459

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz