05

Июл, 2025
Шанбе

05

Июл, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ОЗМУНИ “ТАМҒАИ ПИСАНДИДАИ ТОҶИКИСТОН-2022” ҶАМЪБАСТ МЕГАРДАД

 

Дар доираи лоиҳаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2022” рӯзҳои 25, 26, 27-уми март дар Кохи Борбад намоиш-фурӯши маҳсулоти ватанӣ доир гардида, иштирокчиёни лоиҳа молу маҳсулот ва хизматрасониҳои худро ба сокинони шаҳри Душанбе ва навоҳии атроф пешкаш менамоянд.

Имсол дар ярмарка зиёда аз 30 корхонаи истеҳсолию маишии Тоҷикистон, аз ҷумла ширкатҳои овозадори “Рамазон”, “Файзи Расул”, “Покиза”, “Ҳавас”, “Баҳори пурфайз”, “Мармарӣ”, “Кок”,“Раҳмат-2004”,  “Шоколатье”, “Шири Душанбе”, “Молочная радость”, “Фаровон-1”, “Авиценна”, “Сиёма”, “Шоҳамбарӣ”, “Артел”, Рамис”, “Химус”, “Евродент”, Маркази зебоии “Сафия”, “Қолинҳои форс”, “Parimatch, “Ҳимоя” ва дигарон ширкат варзида, молу маҳсулоти хушсифат ва намудҳои гуногуни хизматрасониҳои худро ба намоиш ва фурӯш мегузоранд.

Дар арафаи моҳи шарифи Рамазон рӯзҳои 25, 26, 27 март сокинону меҳмонони пойтахт имкон доранд, ки ба Кохи Борбад ташриф оварда, аз ин намоишгоҳ намудҳои гуногуни маҳсулоти гӯштӣ, аз ҷумла гӯшти гов, гӯшти мурғ, ҳасибу ҳасибчаҳои хушмазза, орд, макарон, равған, тухм, шир, қаймоқ,  сметана, торт, намудҳои гуногуни қанду шоколад, кулчақандҳои бомазза, шарбатҳои табии мевагӣ, обҳои газноку минералӣ ва анвои дигари маҳсулоти хӯрока, ҳамчунин маводҳои шустушӯӣ, гилему қолинҳои хушранг, мошинаи ҷомашӯӣ, яхдон, тафдон, телевизор ва дигар ҷиҳози рӯзгорро бо нархҳои  дастрас харидорӣ намоянд. Дар намоишгоҳ барои меҳмонон ҳамчунин мавзеи дилхушӣ сохта шудааст.

Дар маросими расмии кушодшавии намоишгоҳ, ки рӯзи 25 март, соати 9.00 доир мегардад, намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ, вазорату идораҳо, соҳибкорон, роҳбарони корхонаҳои тавлидотӣ, меҳмонони хориҷӣ ва намояндагони ВАО иштирок хоҳанд кард.

Маросими тантанавии супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмун 28-уми марти соли ҷорӣ, соати 18:00  дар меҳмонхонаи “HYAT  REGENCY” баргузор мегардад.

:.  Хабарҳо 18.03.2022 06:54 576

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz