05

Июл, 2025
Шанбе

05

Июл, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

 

sfdsfpjghjg1

Таъсисёбии нахустин рӯзномаи тоҷикӣ “Бухорои шариф”, ки ба санаи 11- март рост меояд, ҳамасола дар Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор мегардад. Ба муносибати ин санаи муҳими таърихӣ дар Идораи телевизион ва радиои вилояти Халон чорабинии идона баргузор гардид. Дар чорабинӣ рӯзномаву маҷаллаҳои вилоятӣ намунаи дастовардҳои як соли охири худро ба ба намоиш гузоштанд.

Маросими расмии бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷикро ба сухани табрикотӣ Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон ифтитоҳ бахшида, иброз дошт, ки воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ на танҳо дастгоҳи тавонои хабарӣ, балки дар муборизаи иттилоотӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, алалхусус амнияти давлат ва ҷомеа хизмати сазовор намуда, аҳли эҷод рисолати касбии худро сарбаландона иҷро менамоянд.

sfdsfpjghjg2

Фирӯза Шарифӣ аз таърихи таъсисёбии матбуоти тоҷик дар давраҳои гуногун мисол оварда, иброз дошт, ки дар ин давра дар вилояти Хатлон низ ибтидои солҳои сиюм нахустин рӯзномаҳо аз ҷумла, рӯзномаи “Хатлон”, ки соли 1931 бо номи “Зарбдори сохтмони Вахш” ба чоп расида буд.

Муовини раиси вилоят бо ёдоварӣ аз хизмати шоёни журналистону зиёиёни соҳибқаламе чун Мирсаид Миршакар, Сафо Ашӯров, Машариф Орзуев, Қувваталӣ Холов, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Ҳақназар Ғоиб, Муқим Абдураҳмонов, Соҳиб Табаров, Ашӯр Сафар, Саид Барот, Муҳаммад Ғоиб, Пиримқул Сатторӣ, Акбар Муслимов, Тӯра Қобилов, Бобоҷон Абдулвоҳидов, Шарифамоҳи Кишвардухт, Бахтиёр Муртазоев ва дигарон нақши матбуоти даврӣ ва дигар ВАО-ро дар рушди ҷомеа ва маърифатнокии аҳолӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

Зикр гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ,  афзоиши шумораи расонаҳо, вусъати интернет, пешрафти технологияҳои навин, вазъи матбуоти даврии маҳаллӣ, фаъолияти журналистон дар сатҳи маҳал беҳбудӣ мехоҳад ва бо мақсади дастгирии нашрияҳои вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ ҷиҳати доир намудани машғулиятҳои омӯзишӣ барои кормандони эҷодию техникӣ тадбирандешиҳо сурат гирифта, раисони шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шудаанд, ки барои таъмин намудани рӯзномаи шаҳрӣ (ноҳиявӣ) бо бинои алоҳида ё таъмири асосии биноҳои мавҷудаи редаксияҳо мусоидат намоянд. Ҳамчунин, раисони шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шудаанд, ки барои муҷаҳҳаз гардонидани идораи нашрияҳо бо техникаву ҷиҳози зарурии корӣ, аз ҷумла хатти интернет мусоидат карда, ҳангоми интихоб ва таъйин намудани сармуҳаррири нашрия ба ихтисосмандони соҳаи рӯзноманигорӣ афзалият диҳанд.

sfdsfpjghjg3

Дар баробари ин, аҳли қалами вилоят низ бояд фаъолияти худро мутобиқ ба талаботи замон ба роҳ монда, завқу салиқа, дархосту интизориҳои хонандагону шунавандагон ва бинандагонро ба инобат гиранд, аз усулҳои муосири фаъолияти журналистӣ истифода баранд.

Даъват карда шуд, ки дар назди идораҳои воситаҳои ахбори омма, мувофиқи имкониятҳои мавҷуда, давраҳои омӯзишии забонҳои русӣ ва англисӣ ташкил карда шуда, сатҳи забондонии рӯзноманигорон баланд бардошта шавад.

Баъдан, ғолибони озмуни эҷодӣ барои дарёфти Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон “Неруи сухан-2021” эълон гардид. Дар ин озмун беҳтаринҳои ВАО аз рӯйи 10 номинатсия бо ҷоизаҳои таъсисдода сарфароз гардонида шуданд.

Дар анҷоми чорабинии идона бахшидаба Рӯзи матбуоти тоҷик Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон изҳори умедворӣ намуд, ки ҳар эҷодкор ва зиёӣ неруи сухан ва хомаи созандаашро барои ҳифзи арзишҳои миллию давлатдорӣ ва таҳкими сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ минбаъд низ равона месозад.

:.  Хабарҳо 14.03.2022 12:23 558

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz