05

Июл, 2025
Шанбе

05

Июл, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ТАБАҚИ САБЗАИ СУМАНАК БО БАЛАНДИИ 30 МЕТР ДАР ДУШАНБЕ

 

iTRPXZI0B

Дар майдони «Дӯстӣ» шаҳри Душанбе  дар паҳлӯи муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ рамзи баҳору Наврӯз - табақи сабзаи суманак бо баландии 30 метр ва паҳноии 16 метр қомат афрохт.

Тавре муовини директори Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» Шарофиддин Талабов ба АМИТ «Ховар» иброз доштааст, дар паҳлӯи табақи суманак инчунин дигар ороишоти ба ин ҷашн хос ороста мешаванд.

i474Y9KAZДар майдони марказии пойтахт ҳамчунин дарахтони пургул, гулҳои рангоранг ва дигар ороишоти наврӯзӣ насб мегарданд. Инчунин дар майдон конструксияи наврӯзӣ бо навиштаҷоти «Наврӯз муборак!» гузошта мешавад.

Соли сеюм аст, ки дар маркази пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе бузургтарин табақи сабзаи суманак- рамзи баҳору Наврӯз бо баландии 30 метр гузошта мешавад.

Ёдовар мешавем, ки соли 2019 дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ тасдиқ гардид.

Рамзи мазкур арчамонанд буда, аз ҳафт қабат иборат мебошад. Ҳамаи табақҳо аз давраҳо иборат буда, мазмуни гардиши фалак ва коинотро ифода менамоянд. Ҳар давра бо нақшу нигори миллӣ ороиш дода шудааст. Дар гирдогирди табақҳо гулдӯзиҳои гуногун ва дар табақи охирини суманак гули наврӯзӣ чун нишонаи эҳёи табиат гузошта шудааст.

:.  Хабарҳо 11.03.2022 06:29 477

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz