05

Июл, 2025
Шанбе

05

Июл, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН АЗ ОСОРХОНАИ МИЛЛИИ ТАМАДДУНИ МИСР БОЗДИД НАМУДАНД

 

275517525 33368211111

Рӯзи 9 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Арабии Миср аз Осорхонаи миллии тамаддуни Миср боздид ба амал оварданд. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад

275517525 33368255555

Осорхонаи миллии тамаддуни Миср дар шаҳраки Фустати шаҳри Қоҳира дар масоҳати 13 гектар ҷойгир буда, дорои панҷоҳ ҳазор нигораҳо мебошад. Осорхона дар баробари ба маърази тамошо гузоштани дастовардҳои Миср дар бахшҳои гуногуни зиндагӣ аз ибтидои таърих то замони муосир ва аз марҳилаҳои рушди тамаддуни Миср нақл мекунанд.

275517525 33368233333

Корҳои таъсиси Осорхонаи миллии тамаддуни Миср бо иқдоми ЮНЕСКО дар доираи ташаббуси байналмилалӣ ҷиҳати таъсиси Осорхонаи миллии тамаддун ва Осорхонаи Нуба дар Асвон пас аз ковишҳои бостоншиносӣ соли 2000 оғоз ёфта, сохтмони бино соли 2021 ба итмом расид. Маросими ифтитоҳ бо чорабинии муҳташами байналмилалӣ “Паради Мумиҳо” баргузор гардид.

275517525 33368244444

Нигораҳои осорхона дар 9 толор, аз ҷумла як намоишгоҳи асосии доимӣ оид ба муҳимтарин дастовардҳои тамаддуни Миср, бо шаш намоишгоҳи мавзӯӣ аз қабили “Субҳи тамаддун”, “Дарёи Нил”, “Навиштаҷот”, “Давлат ва ҷомеа”, “Фарҳанг”, “Эътиқод ва ғояҳо” ва намоишгоҳи мумиҳои подшоҳӣ ҷойгир шудаанд.

Осорхона дорои маконҳои калони муваққатии намоишӣ, толор ва маркази таълим ва тадқиқот, инчунин намоишгоҳи марбут ба рушди шаҳри Қоҳираи Нав мебошад. Он ҳамчун макони баргузории чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла намоиши филмҳо, конфронсҳо ва чорабиниҳои фарҳангӣ хизмат мекунад.

Дар толори асосии намоишгоҳи осорхона як қатор осори таърихӣ мавҷуд аст, ки дар бораи тамаддуни Миср аз давраҳои фиръавнӣ, юнонӣ, румӣ, қибтӣ, исломӣ ва давраи муосир ба тамошобин тасаввуроти васеъ медиҳанд.

Толори мумиёҳо меҳмононро бо фазои водии Подшоҳон ошно месозад. Дар толор 20 мумиҳои подшоҳон, аз ҷумла 18 подшоҳ ва ду малика, аз сулолаҳои ҳабдаҳум то бистум иборат аст. Муҳимтарини ин мумиҳо мумии шоҳ Секенен Ра Тао, шоҳ Тутмоси III, малика Хатшепсут, шоҳ Рамзес II ва шоҳ Рамзес III мебошанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди боздид аз Осорхонаи миллии тамаддуни Миср дар китоби меҳмонони фахрӣ бо орзуву таманниёти нек ҷиҳати рушду пешрафти кишвари дӯсти Ҷумҳурии Арабии Миср соядаст гузоштанд.

 

:.  Хабарҳо 10.03.2022 06:04 491

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz