05

Июл, 2025
Шанбе

05

Июл, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

АЁДАТИ МОМОҲОИ ТАБОРРУК ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

 

IMG 39871

3 марти соли равон иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр дар доираи таҷлили Рӯзи Модар ба аёдати 13 нафар бонувони собиқадори шаҳр рафтанд.

Нахуст иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр барои аёдат ба хонаи собиқадори меҳнат Райҳонбӣ Нозимова, сокини деҳаи Ёхсучиёни Ҷамоати деҳоти “Даҳана”-и шаҳри Кӯлоб ташриф овард. Ӯ ин момои таборрукро ба муносибати Рӯзи модар  ва ба синни мубораки 107-солагӣ расидан табрику таҳният гуфта, ба ӯ аз номи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб туҳфаҳои хотиравӣ ҳадя намуд. Маврид ба ёдоварист, ки  саҳми Райҳонбӣ Нозимова дар пешрафти соҳаи кишоварзӣ ва тарбияи наврасону ҷавонон назаррас аст.

IMG 40142

Ҳамчунин вай собиқадори меҳнат Шаҳзода Мирзоеваро, ки ба синни 102 расидааст, аёдат намуд ва барои фаъолияти пурсамар дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ баён кард.

IMG 41563

Б. Назарзода ба аёдати Гулизор Тоҳирова, сокини шаҳр Кӯлоб рафта, бо ӯ суҳбати гарму самимӣ анҷом дод. Ӯ заҳматҳои Гулизор Тоҳироваро нек арзёбӣ намуда, ба ӯ сипоснома ва  туҳфаҳои идона тақдим намуд. Аёдати собиқадорони меҳнат Эронбӣ Саидова, Исқолбӣ Маҷидова ва дигарон низ сурат гирифт, ки ба онҳо низ туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуд.

:.  Хабарҳо 06.03.2022 14:05 448

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz