05

Июл, 2025
Шанбе

05

Июл, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

НАХУСТИН IT-ПАРК ДАР ДУШАНБЕ БУНЁД МЕШАВАД

 

IT-Park-v-gorode-Dushanbe-1

Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» бо дастгирии мақомоти шаҳрдорӣ тасмим гирифтааст, ки дар шаҳри Душанбе IT-парк бунёд кунад, ки ин нахустин технопарки Тоҷикистон, қаламрави имконият ва ҳамгироии илму маориф ва технологияҳои олӣ хоҳад буд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

IT-парк  парки технологиест, ки дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ фаъолият мекунад. Ҷойест, ки одамони фаъол ва боистеъдод аз ҳисоби мавҷудияти инфрасохтори муосири техникӣ, дастгирии молиявӣ ва илмӣ ғояҳои худро ба лоиҳаҳои воқеӣ табдил медиҳанд.

Ҳадафи асосӣ мусоидат ба рушди босуръати соҳаи IT дар кишвар – ин фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди таҳия ва истеҳсоли маҳсулот ва хизматрасониҳои рақобатпазир дар соҳаи технологияи иттилоотӣ, пешбурди онҳо дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ, ҳавасмандгардонии таҳияҳои инноватсионӣ, таъмини сокинон бо инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла лабораторияҳо, ба онҳо расонидани хадамоти машваратии молиявӣ, маркетингӣ, ҳуқуқӣ, инчунин хизматрасонӣ дар доираи барномаҳои суръатбахшӣ, мусоидат ба муттаҳидсозии фаъолияти ташкилоти илмӣ, тадқиқотӣ, таълимӣ ва истеҳсолӣ оид ба таъмини муттасилии силсилаи истеҳсолот,  тайёр намудани аҳолӣ ва ҷавонон бо мақсади ташаккул додани синфи муосири мутахассисони баландихтисос, гузаронидани маҳорат- дарсҳо, тренингҳо ва курсҳои такмили ихтисос, инчунин конференсияҳои илмӣ-амалӣ ва семинарҳо бо ҷалби ширкатҳо ва мутахассисони пешрафта мебошад.

IT-Park-v-gorode-Dushanbe-2

Ёдовар мешавем, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 7 майи соли 2019 бо мақсади баланд бардоштани самаранокии хизматрасониҳои электронӣ тавассути технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» таъсис дода шуд.

:.  Хабарҳо 18.02.2022 09:46 811

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz