05

Июл, 2025
Шанбе

05

Июл, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

НАМОИШИ ФИЛМИ ТОҶИКӢ ДАР МАҶОРИСТОН

 

Hromoj-Dervish-film-2

Санаи 11 феврал   дар Будапешт бахшида ба 30-юмин солгарди барқарор намудани равобити дипломатии Тоҷикистон ва Маҷористон, дар Қасри кинои «Урания» асари муштараки таҳиягарон ва коргардонҳои Тоҷикистон ва Маҷористон, ки соли 1986 ба навор гирифта шудааст, филми ҳунарии «Дарвеши ланг» ба намоиш гузошта шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Филми мазкур дар асоси ёддоштҳои шарқшинос ва муаррихи маҷористонӣ Арминий Вамберӣ ва таассуроти ӯ аз сафараш ба Осиёи Марказӣ дар солҳои 1863-1864, ошноии ӯ бо мардуми тоҷик, таъриху забону фарҳанг ва расму оинҳои он қисса мекунад.

Ба тамошои филм намояндагони мақомоти расмӣ, доираҳои илмӣ ва фарҳангии Маҷористон ва ҳайати дипломатии шаҳри Будапешт даъват шуда буданд.

Кинофилми бадеии «Дарвеши ланг» -ро коргардони кино ва филмноманависи тоҷик Валерий Аҳадов бо ҳамдастии коргардони маҷорӣ Киш Йожеф эҷод кардаанд.

Hromoj-Dervish-film-1

Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷористон 2 июли 1992 барқарор шуданд. Муносибатҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷористон бар пояи усули дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ устуворанд. Аз замони касби истиқлолият муносибатҳои дуҷониба инкишоф ёфта истодаанд.

:.  Хабарҳо 15.02.2022 12:19 493

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz