05

Июл, 2025
Шанбе

05

Июл, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ДАР ҲИСОР ҲАМОИШИ ГИРАНДАГОНИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДОИР ШУД

    Hisor111«Мо, ҷавонон пайравони Пешвои миллатем» — таҳти чунин унвон дар шаҳри Ҳисор ҳамоиши гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳру  навоҳии  тобеи марказ- Ҳисор, Турсунзода, Ваҳдат, Файзобод, Варзоб, Рӯдакӣ ва Шаҳринав баргузор гардид. 

    Дар маросими супоридани шаҳодатнома ва маблағи он раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Абдулло Раҳмонзода ва раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода иштирок ва сухан намуд.

   Зикр гардид, ки наврасону ҷавонон, ки ояндаи давлату миллат маҳсуб мешаванд, дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, таваҷҷуҳу ғамхорӣ нисбат ба онҳо ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ зоҳир гардида, пайваста густариш меёбад.

   Стипендияи Президенти Тоҷикистон барои хонандагони болаёқат соли 1998 таъсис ёфта, маблағи он дар ибтидо 240 сомониро ташкил медод ва дар ҷумҳурӣ 300 нафарро дар бар мегирифт. Шумораи гирандагони Стипендияи Президенти Тоҷикистон дар соли хониши 2021-2022 ба 3000 нафар расида, маблағи он дар як моҳ 500 сомониро ташкил медиҳад. Дар соли хониши 2021-2022 шумораи гирандагони Стипендияи Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор аз 10 нафари қаблӣ ба 91 нафар расидааст.

  Дар идомаи ҳамоиш гирандагони Стипендияи президентӣ бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолӣ ва фазои орому босуботи кишвар  миннатдории худро ба Пешвои миллат ҷиҳати фароҳам овардани шароити созгор барои омӯхтани илму дониш иброз намуда, қавл доданд, ки бо омӯхтани илмҳои пешрафта оянда ба давлату миллати худ хизмат хоҳанд кард.

    Ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳри Ҳисор  дастагули шеъру таронаро дар васфи Ватан, истиқлолият ва зебоиҳои табиати диёр, инчунин таррануми ҷавонӣ тақдими меҳмонон карданд. Иштирокдорони ҳамоиш аз китобхона ва Осорхонаи марказии шаҳри Ҳисор боздид намуданд.

Манбаъ: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

:.  Хабарҳо 31.01.2022 03:15 557

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz