05

Июл, 2025
Шанбе

05

Июл, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ҲАМОИШИ ГИРАНДАГОНИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТӢ

 

Snipendiyai Kulob1

Дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ҳамоиши тантанавии гирандагони Стипендияи Президентӣ тахти унвони Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 460 нафар гирандагони стипендияи Президентӣ ширкат варзиданд.

Snipendiyai Kulob2

Чорабинии мазкур бо иштироки раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, масъулини мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва мудирони бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ташкилу роҳандозӣ гардид. Зимни баромади худ маърузачиён иброз доштанд, ки имсол бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон теъдоди квотаи президентӣ  барои хонандагону довталабони болаёқати муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ аз 400 адад ба 3000 адад расонида шуд. Аз ин миқдор 1201 адад квота ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон рост меояд.

Бо ёдовари аз Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда шуд, ки аз моҳи июли соли ҷорӣ дар баробари дигар самтҳои хоҷагии мамлакат ҳамзамон стипендияи хонандагони болаёқати ҷумҳурӣ боз 20 фоиз зиёд мегардад, ки ин аз дастгириҳои навбатӣ ва ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри насли наврас унвон карда мешавад.

Snipendiyai Kulob3

Дар идомаи ҳамоиш аз ҷониби раиси Кумита ба як зумра ғолибон шаҳодатномаи гирандаи стипендияи Президентӣ ва маблағи стипендия супорида шуд. Бо изҳори сипосу самимият ба давлату Ҳукумат ва Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор гирандагони стипендия ба сухан баромада ваъда доданд, ки мактабро бо баҳои аъло хатм менамоянд ва баҳри шукуфоӣ ва сарзабзии меҳани худ саҳмгузор хоҳан буд.

Дар фарҷоми ҳамоиш бори дигар аз ҳар як иштирокчии чорабинӣ тақозо гардид, ки дар илмомӯзӣ ва бахсус омӯзиши фанҳои дақиқ, донистани забонҳо хориҷӣ ва саҳм гузоштан дар шукуфоии кишвар бетараф набошанд.

 

:.  Хабарҳо 18.01.2022 11:52 527

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz