05

Июл, 2025
Шанбе

05

Июл, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

КИТОБИ «ЗАБОНИ ТОҶИКӢ» БО ҚОИДАҲОИ ИМЛОИ НАВИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ НАШР ГАРДИД

 

Kitobi-Zaboni-to-ik-Доктори илмҳои филология, профессор Саидмуроди Хоҷазод - мудири кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, китоби нави «Забони тоҷикӣ»-ро  дар асоси «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021 тасдиқ шудаанд, таълиф намудааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин зарурати тақозои таълим Саидмуроди Хоҷазод тасмим гирифтааст, ки нахустин дастури таълимии «Забони тоҷикӣ»- ро барои донишандӯзони риштаҳои табиӣ ва риёзии донишгоҳ таълиф намояд.

Дастури таълимӣ-тахассусӣ фарогири грамматикаи забони тоҷикӣ, махсусан имлои забони тоҷикӣ, матнҳо барои ихтисосҳои риштаи табиӣ-риёзӣ, пурсиш, машқу супоришҳои марбут ба мавзӯъ, байтҳои пандуахлоқӣ мебошад, ки дар асоси усулҳои нави омӯзиши фанни забони тоҷикӣ дар ҳамоҳангӣ бо ихтисосҳо навишта шудааст.

Китоб аз чор боб иборат буда, дар боби аввал оид ба «Мақоми забон дар ҷомеа, талаффуз ва имло» маълумоти мукаммал фароҳам омадааст.

Боби дуюм фарогири «Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» аст. Бо назардошти он ки дар қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ аломатҳои китобат бо мисолҳои мушаххас асоснок шудаанд, айнан овардани онҳо зарур дониста шудааст.

Ҳоло дар тамоми корхонаву муассисаҳо коргузорӣ ба забони давлатӣ роҳандозӣ шудааст. Ба ин хотир, боби сеюм  «Санаднигорӣ» ном дошта, хонандаро бо тарзи дурусти навишти ҳуҷҷатҳо шинос менамояд.

«Маводи ёрирасони дидактикӣ» унвони боби чоруми китоб буда, матнҳои тахассусиро дар бар мегирад. Аз ин мавод метавон дар навишти корҳои мустақилонаи донишҷӯ бо роҳбарии омӯзгор ба таври васеъ истифода кард.

Бахши «Луғат» чанде аз вожаву истилоҳоти соҳавиро фарогир аст, ки дар раванди тадрис ба кор мераванд.

Китоб барои устодон, донишҷӯён, хизматчиёни давлатӣ, коргузорон, пажӯҳишгарон, муаррихон ва ҳаводорони забони тоҷикӣ ба ҳайси маъхази муътамад ва дастури муфид хидмат мекунад. Истифодаи он барои донишгоҳҳои дигари ҷумҳурӣ низ аз манфиат холӣ нест.

:.  Хабарҳо 13.01.2022 11:42 567

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz