05

Июл, 2025
Шанбе

05

Июл, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

БАРОИ ОЗОРИ ТАКРОРИИ ҲАМСАР МАРД БАРОИ 12 ШАБОНАРӮЗ ҲАБС ШУД

 

photo 2022-01-05_16-17-52Новобаста аз таъкидҳои ҳамешагӣ ва баргузории як қатор чорабиниҳои профилактикию корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии муноқишаҳои оилавӣ ва ба миён овардани фазои солими оиладорӣ, мутаассифона ҳодисаҳои озори аҳли хонаводаи худ аз ҷониби бархе ҳоло ҳам сурат мегиранд.

 Ҳафтаи ҷорӣ кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дар асоси муроҷиати ҳамсар шаҳрванд Ҳусайнов Миралӣ, санаи таваллудаш 11.07.1970, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Қаротегинро барои ба таври ҳамешагӣ мавриди озор қарор додани ҳамсараш дастгир намуданд.
  Мавриди зикр аст, ки номбурда ба нӯшидани машруботи спиртӣ майл дошта, ба таври ҳамешагӣ ҳамсари худро мавриди озору дашном қарор медодааст.

Қаблан санаи 17-уми декабри соли 2021 низ номбурда барои чунин амали номатлуб дастгир ва ба муҳлати 7 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъин гардида буд.  

Номбурда баъд аз таъини ҷазои маъмурӣ амалу рафтори ношоями худро тағйир надода, боз такроран ҳамсари худро мавриди озору дашномҳои қабеҳ қарор дода, дар назди дигар шаҳрвандон шаъну шарафи ӯро паст задааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурда тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 12 шабонарӯз таъин карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

:.  Хабарҳо 07.01.2022 09:54 495

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz