05

Июл, 2025
Шанбе

05

Июл, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

3000 ГИРАНДАГОНИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТӢ

3000 -_girandagoni_stupendiya

Шумораи гирандагони стипендияи Президентӣ дар соли таҳсили 2021 - 2022 ба 3000 нафар расbд.  Барои ҳар як гирандаи стипендия ҳар моҳ 500 сомонӣ муқаррар гардидааст, иттилоъ доданд дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

    Иқдоми мазкур бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 1 сентябри соли 2021 амалӣ гардида,  то ин муддат шумораи гирандагони стипендияи мазкур 400 ададро ташкил медод.

    Бояд тазаккур дод, ки таъсиси стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  1 августи 2015 ва Низомномаи  стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ тасдиқ шуда, ҳамасола дар асоси низомномаи мазкур омзун аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон гузаронида  мешавад, ғолибон муайян ва давоми соли таҳсил бо стипендия таъмин карда мешаванд.

    Мавриди зикр аст, ки аз таъсис ёфтани стипендия, яъне аз соли 1998 то соли 2020 теъдоди стипендияҳои Президентӣ ва маблағи он марҳила ба марҳила зиёд гардида, дар доираи Соли ҷавонон эълони намудани соли 2017 теъдоди  стипендия аз 300 адад ба 400 адад расонида шуд. Аз 1 сентябри соли 2021 ин шумора бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба 3000 ва ҳаҷми маблағи он барои ҳар як гирандаи стипендия дар як моҳи соли таҳсил ба 500 сомонӣ расонида шуд, ки ин беҳтарин иқдом барои дастгирии ҷавонони лаёқатманду фаъол мебошад.

      Баъд аз натиҷагирии фаъолияти  Комиссияи ҷумҳуриявии озмун 2950 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 25 нафар донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 25 нафар донишҷӯёни  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, дар маҷмӯъ 3000 нафар ҳамчун ғолиби озмуни стипендияи Президентӣ дар соли таҳсили 2021 – 2022 муайян гардиданд. Онҳо давоми нуҳ моҳи соли таҳсил бо стипендияи Президентӣ таъмин мегарданд.

                                                                            Манбаъ: АМИТ «Ховар»

:.  Хабарҳо 06.01.2022 10:26 598

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz