06

Июл, 2025
Якшанбе

06

Июл, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ТӮҲФАҲОИ ИДОНАИ КИ ҲХДТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА КӮДАКОНИ ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУД

 

269942653 997915114403377_5394734898648319119_n

Дар арафаи фарорасии Соли Нави милодӣ аз ҷониби роҳбарият ва фаъолони  Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба 25 нафар  тарбиягирандагони Маркази хизматрасониҳои иҷтимоии Ташкилоти ҷамъиятии “Эҳё ва дастгирӣ”-и вилояти Хатлон туҳфаҳои идона тақдим карда шуд.

Зимни аёдати кӯдакони имконияти маҳдуддошта  Қиёмиддин Миралиён , раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон изҳор дошт, ки дастгирии қишрҳои ниёзманди ҷомеа ва расонидани кумакҳои инсондӯстона ба мактаб-интернату дигар муассисаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби ҳизбиён нишони пайравӣ аз иқдомҳои инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

269869479 669712720860163_6662361920957139563_n

- Дар идомаи суҳбати самимӣ бо волидони кӯдакону наврасони имконияташон маҳдуд меҳмонон аз шароитҳои буду боши кӯдакону модарони онҳо дар ин Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ пурсон шуда, изҳор намуданд, ки расонидани кӯмакҳои хайрхоҳона ба кӯдакону наврасони мактаб-интернатҳо ва муассисаҳои таълимии барои кӯдакони имконияташон маҳдуд вазифаи ҳар фарди худогоҳи ҷомеа ба хусус, аъзоёну фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.

269793171 1001306993932006_6740783838675183337_n

Дар идомаи тақдими туҳфаҳои солинавӣ падару модарони кӯдакон бо қаноатмандӣ аз ташаббусҳои хайрхоҳонаи ҳизбиён изҳор доштанд, ки чунин  таваҷҷуҳу ғамхориҳо нисбат ба фарзандони онҳо боиси хушҳоливу руҳбаландии кӯдакону модарони онҳо мегардад.

269879150 241457498140670_6267225097575369180_n

Бинобар иттилои масъулони Маркази хизматрасониҳои иҷтимоии Ташкилоти ҷамъиятии “Эҳё ва дастгирӣ”-и вилояти Хатлон давоми соли сипаригардида КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар ҳама иду ҷашнҳои миллӣ ба кӯдакону наврасони дорои имконияти маҳдуд кӯмакҳои гуногун расонда, ҳамчунин бо ташкилу баргузории озмуну маҳфилҳои гуногун дар фарогирии кӯдакони имконияташон маҳдуд бо ҷомеа ва ҳамзамон рушди зеҳниву тавонбахшии кӯдакону наврасони имконияташон маҳдуди вилояти Хатлон саҳми ниҳоят муҳим гузоштааст.

Ҷамолиддин САЙФИДДИН, 

“Хатлон”

:.  Хабарҳо 30.12.2021 11:58 661

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz