06

Июл, 2025
Якшанбе

06

Июл, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

КУМАКҲОИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА НИЁЗМАНДОН

 

2V9A1891

Дар доираи иқдому тадбирҳои муҳим ва хайрхоҳонаи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оилаҳои эҳтиёҷманд, хусусан ятимону шахсони дорои имконияти маҳдуд пайваста дастгирӣ карда мешаванд ва зери таваҷҷуҳу ғамхориҳои ҳамешагии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ қарор доранд.

Дар пайравӣ аз иқдомҳои бузург ва сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои дастгирии табақаи ниёзманди ҷомеа дар пойтахти мамлакат пайваста тадбирҳои амалӣ меандешад.

Дар пайравӣ бо ташаббусу иқдомҳои инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат ин навбат низ чун анъана аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар рӯзҳои охири соли 2021 ва фарорасии соли нави мелодии 2022 ба зиёда аз 11000 (ёздаҳ ҳазор) нафар, аз ҷумлаи ятимони кул, маъюбон, шахсони яккаву танҳо, дардмандону бепарасторон, оилаҳои ниёзманд ва кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои пойтахти мамлакат кумакҳои моддӣ ва туҳфаҳои идона тақдим карда шуд.

2V9A1601

Кумакҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, аз қабили маҷмуи либоси гарми зимистона, маҳсулоти хӯрокворӣ, шириниҳои идона ва дигар лавозимоти зарурӣ дар ин рӯзҳо ба бошандагону тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастор, мактаб-интернати махсуси таҳсилоти асосии №2, мактаб-интернати махсуси ёрирасони № 3, мактаби махсуси ношунавоён, мактаби шабонарӯзии махсус барои кӯдакони нобино ва сустбин, хонаи кӯдакони синни томактабии №1, маркази дастгирии оила ва кӯдаки № 2 ва Маркази минтақавии хизмати иҷтимоии нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе дастрас ва барои бошандагону тарбиятгирандагони ҳамаи ин муассисаҳои иҷтимоии пойтахт дастурхони идонаву барномаи фарҳангӣ - фароғатӣ бо риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ташкил карда шуд.

:.  Хабарҳо 28.12.2021 03:37 531

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz