06

Июл, 2025
Якшанбе

06

Июл, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАҲОНИШАВИИ “ФАЛАК”

 

269993279 429722992127907_5657376451728534189_n

Дар Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб бахшида ба эътироф шудани “Фалак” ҳамчун мероси фарҳанги ғайримоддии умумибашарӣ аз ҷониби ЮНЕСКО чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид. Нахуст меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили чакан, гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ дидан намуда, дар рӯнамоии китоби “Фалак: сайри таърихӣ ва тафсири фарҳангшиносӣ”, ки бахшида ба ҷаҳонишавии Фалак рӯи чоп омадааст, ширкат варзиданд.

 Чорабинии мазкур бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб баргузор гардида, дар ин рӯз иштирокчиён аз тамошои лавҳаҳо ва наворҳои видиоӣ аз ҷараёни қабулшавии жанри Фалак дар Юнеско ва филмҳои омоданамудаи фарҳангшиносон баҳрабардорӣ намуданд.

269884993 429721228794750_2596049014938773381_n

Дар маросим нахуст иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода  суханронӣ намуда, изҳор доштанд, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон давлату Ҳукумати кишвар, бахусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳёи арзишҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, баланд бардоштани руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву хештаншиносии мардум, хусусан, наврасону ҷавонон диққати хоса медиҳанд.

Маҳз ба туфайли заҳмату талошҳои Сарвари давлат дар соли 2021 9 мавзеи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардиданд.

269887245 429720932128113_6637745596054159257_n

Дар чорабинӣ ҳамчунин фарҳангшинос Ҷонибек Асрориён китоби тозаэҷоди хешро ки таҳти унвони “Фалак: сайритаърихӣ ва тафсири фарҳангшиносӣ” рӯи чоп омадааст, ба ҳозирин муаррифӣ намуд.

 Инчунин дар рафти чорабинӣ як зумра кормандону фаъолони соҳаи фарҳанг бо сипосномаҳои раиси шаҳри Кӯлоб қадрдонӣ шуданд.

Дар ҷамбаст барномаи бошукӯҳи  омоданамудаи фалаксароён таҳти унвони “Рози Фалак” пешкаши меҳмонону иштирокчиён гардонида шуд.

  

                                                                       Ҷомӣ Зарифзода,

 шаҳри Кӯлоб

:.  Хабарҳо 27.12.2021 05:22 530

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz