06

Июл, 2025
Якшанбе

06

Июл, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ҲАФТАИ ЗАБОНҲОИ АВРУПО ДАР ДОНИШКАДАИ ДАВЛАТИИ ЗАБОНҲОИ ТОЉИКИСТОН ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

 

   ZabonhoДар партави Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ 22 декабр дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода таҳти унвони «Омӯзиши забонҳои хориҷӣ-тақозои замон» ҷамъбасти Ҳафтаи забонҳои Аврупо дар сатҳи баланд баргузор гардид.

   Ректори донишкада Жило Гулназарзода аз ташаббусҳои беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи маориф ёдовар шуда, аз ҷумла, изҳор дошт, ки омӯхтани забонҳои хориҷӣ, пеш аз ҳама, мавриди таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор дорад. Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки мутахассисони забондони ба бозори меҳнати ҷаҳонӣ рақобатпазир омода намоем.

   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 декабр зимни ироаи Паёми солона ба Маҷлиси Олӣ зикр намуданд, ки «таълими забонҳои хориҷӣ, махсусан, русиву англисӣ бояд дар тамоми факултаву шуъбаҳои мактабҳои олӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад. Зеро Тоҷикистон ҳоло бо 180 давлат робитаи дипломатӣ ва бо 130 кишвар муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ дорад».

   Ҳамоишро донишҷӯён бо забони тоҷикӣ оғоз карда, бо забонҳои англисӣ, олмонӣ ва фаронсавӣ, ки дар факулта омӯзонида мешаванд, идома доданд.

   Дар қисмати фарҳангӣ донишҷӯёни факултаи забонҳои Аврупо бо чор забон - тоҷикӣ, англисӣ, олмонӣ ва фаронсавӣ бо маҳорату истеъдоди волои худ, хондани шеърҳо, рақсҳои тоҷикиву аврупоӣ, саҳначаҳои ҳаҷвию тарбиявӣ ва дигар барномаҳои ҷолиб хотири ҳозиринро шод намуданд.

Манбаъ: Донишкадаи давлатии забонњои Тољикистон ба номи С.Улуѓзода

:.  Хабарҳо 23.12.2021 12:24 625

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz