06

Июл, 2025
Якшанбе

06

Июл, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ДАР ДУШАНБЕ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНҲОИ «МУРАББИИ СОЛ - 2021», «ОМЎЗГОРИ СОЛ - 2021» ВА «ХОНАНДАИ СОЛ - 2021» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

                Аз санаи 22 то 29 декабр даври шаҳрии озмунҳои касбии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Аз ҷумла, даври шаҳрии «Мураббии сол-2021»  22-24 декабр,  «Омўзгори сол-2021» 27-29 декабр ва Озмуни «Хонандаи сол-2021» 23-24 декабр доир мешавад. Даври ҷамъбастии озмун 29 декабр дар бинои Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» бо гузаронидани саволу ҷавоб бо довталабон аз рўи ихтисос, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳа, кор бо компютер анҷом меёбад.

   Дар робита ба баргузории озмун 21 декабр дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо иштироки раиси Комиссияи озмунҳои касбии соҳаи маориф, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, аъзои Комиссия аз сохторҳои дахлдори шаҳрӣ ҷаласаи Комиссияи озмунҳои касбии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе дар соли 2021 баргузор гардид.

   Ҷаласаро раиси Комиссияи озмунҳои касбии соҳаи маориф, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ оғоз намуда, вобаста ба ҷараёни баргузории даври ноҳиявии озмунҳои касбии соҳаи маориф аз масъулин пурсон гардид.

   Сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода вобаста ба баргузории даври ноҳиявии озмун зикр намуд, ки дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 16 апрели соли 2020 «Дар бораи ташкил ва баргузории озмунҳои «Мураббии сол-2021»,  «Омўзгори сол-2021» ва «Хонандаи сол-21», ки Низомномаи озмунҳои мазкур тасдиқ гардидааст, дар шаҳри Душанбе тибқи қарори дахлдори раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе даври ноҳиявии озмунҳои касбии соҳаи маориф баргузор карда шуд.

   Дар натиҷа ғолибони озмуни “Мураббии сол-2021”, “Омўзгори сол-2021” ва “Хонандаи сол-2021” муайян гардида, аз ҳар ноҳия якнафарӣ довталабон ба даври шаҳрӣ пешниҳод карда шуданд.

              Манбаъ: АМИТ «Ховар»

:.  Хабарҳо 22.12.2021 11:11 607

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz