06

Июл, 2025
Якшанбе

06

Июл, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ҲАБСИ НАЗОРАТЧИИ МИКРОАВТОБУС БАРОИ ДАШНОМҲОИ ҚАБЕҲ БА ЗАНИ МУСОФИР

 

Habsi nazjratchii_aftobus

Новобаста аз чораҳои андешидашудаи мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе ҷиҳати банизомдарорӣ ва аз байн бурдани дағалрафториву кирдорҳои зиддиҳуқуқии ронандагону назоратчиёни нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ, мутаассифона, мусофирони зиёде аз бадрафториву тарзи нодурусти хизматрасонии чунин ронандагону назоратчиён ба мақомоти милитсияи пойтахт шикоят мекунанд.
         Аз ҷумла, санаи 19 декабри соли ҷорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки дар он муноқишаи лафзӣ ва дашному ҳақоратҳои қабеҳи як нафар ҷавон - пулчинаки хатсайри № 25 нисбат ба зани мусофир, сокини шаҳри Душанбе инъикос ёфтааст. Тавре аз навор бармояд, зимни қарордошти зан бо кӯдакони ноболиғаш дар дохили микроавтобус байни ӯ ва пулчинак нофаҳмӣ ба вуҷуд омада, дар натиҷа байни ҳарду муноқишаи лафзӣ сурат мегирад. Сипас, ҷавон занро дар ҳузури фарзандони ноболиғаш ва дигар мусофирон мавриди дашному ҳақоратҳои ғайриахлоқӣ қарор медиҳад.
  Дар зимн шаҳрвандон аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуданд, ки нисбат ба шахси дар навор инъикосёфта чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.

Дар доираи санҷиш муайян карда шуд, ки пулчинаки автомашинаи мазкур шаҳрванд Раҳматуллоев Кароматулло, сокини шаҳри Душанбе буда, аз амали содирнамуда ва аз дашному ҳақоратҳои дағалаш изҳори пушаймонӣ намуд.
 

Бо назардошти ҳолати мазкур нисбати Раҳматуллоев К. тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси Қарори Суд нисбташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз таъин карда шуд.

 

Манбаъ: Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

:.  Хабарҳо 21.12.2021 08:25 587

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz