06

Июл, 2025
Якшанбе

06

Июл, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

АВБОШОНЕ, КИ ДУХТАРОНИ НОБОЛИҒРО ЛАТУКӮБ КАРДАНД, БОЗДОШТ ШУДАНД

 

Avboshone ki_dar_latukubi_duhtaroni_nobolig_dastgir_shudand19 декабр дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабаре паҳн гардид, ки дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи пойтахт 2 нафар духтарони ноболиғи 15 – 16-сола аз ҷониби ҷавонони ношинос «бо баҳонаи надоштани сатру рӯймол ва ранг кардани мӯи сар» мавриди дашному ҳақорат ва латукӯб қарор гирифтаанд. Нашри хабари мазкур мавриди вокуниши шадиди корбарону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифт.

   Баҳри муайяну дастгир ва ба таври объективона мавриди санҷиш қарор додани қазияи мазкур кормандони ботаҷрибаи самтҳои оперативию тафтишотии милитсияи пойтахт сафарбар карда шуда, зимни баргузории чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ 20 декабр ҷавонони авбош Қурбонов Кароматулло бо тахаллуси «Каром» ва Носиров Маъруф сокинони шаҳри Душанбе дар манзилҳои истиқоматишаон боздошт гардиданд.

Зимни санҷиши ҳодиса муайян карда шуд, ки тахминан соатҳои 15.40 дақиқаи санаи 19 декабр дар кӯчаи Мирзо Турсунзода, дар рӯ ба рӯи меҳмонхонаи Гранд-Отел ба 2 нафар духтарони ноболиғ бо сабаби ранг кардани мӯи сар ва надоштани сатру руймол аз ҷониби ин ҷавонон мавриди дашном қарор гирифтаанд. Баъди он, ки духтарон бо телефон кирдорҳои зиддиҳуқуқии ҷавонписаронро сабт карданӣ мешаванд, боздоштшудаҳо телефонро шикаста, бо мақсади авбошӣ, яъне дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ, ки дар он беэҳтиромӣ нисбат ба ҷамъият зоҳир мегардад, ба тариқи зӯроварӣ духтаронро мавриди латукӯб ва озори ҷисмонӣ қарор додаанд. 

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати дастгиршудагон Қурбонов Кароматулло ва Носиров Маъруф тибқи талаботи моддаи 237 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, номбурдагон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.

Айни ҳол чорабиниҳои тафтишотӣ ҷиҳати муайян намудани алоқаи дастгиршудагон ва даст доштани онҳо ба дигар ҷиноятҳо идома дорад.

 Манбаъ: Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

:.  Хабарҳо 21.12.2021 07:38 588

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz