06

Июл, 2025
Якшанбе

06

Июл, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ИФТИТТОҲИ КОРХОНАИ “ПОЙАФЗОЛИ КАНГУРТ”

 

sehi pjyfzolbarori1

Дар ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Кароматулло Абдузода корхонаи “Пойафзоли Кангурт” дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд бунёд гардида, бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз карда шудааст. Корхонаи мазкур аз се ошёна иборат буда, ҳамзамон дар ошёнаи якуми он сехи дӯзандагӣ низ ба фаъолият оғоз кард, ки дар маҷмуъ зиёда аз 70 нафар сокинони маҳаллӣ ба ҷои кор таъмин гардиданд. Ошёнаи сеюми бино барои  фаъолияти меҳмонхонаи замонавӣ дар назар дошта шудааст, ки рӯзҳои наздик ба кор шуруъ хоҳад кард. Дар ин коргоҳ  ҳамарӯза миқдори зиёди пойафзоли андозаҳои гуногун истеҳсол мегардад, ки ва дар бозори дохили аллакай харидорони худро пайдо кардааст.


sehi pjyfzolbarori2

Бояд қайд намуд, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ин аввалин корхонаи пойафзолбарорӣ дар вилояти Хатлон маҳсуб меёбад ва 80 фоизи ашёи хомро аз корхонаҳои ватанӣ дастрас менамояд. Сифати маҳсулот олӣ буда, аслан аз чарм омода мешаванд. Дар ин корхона реҷаи корӣ ва бастҳо муайян карда шудаанд.

Барои пайваста ва бетанаффус фаъолият намудани корхона мутахассисон лозиманд. Аз ин рӯ роҳбарияти корхона аз корхонаи пойафзолбарории  “Чарми Душанбе” мутахассисонро ҷалб кардаанд ва ҳар як мутахассис то панҷ нафар сокинони маҳаллиро тарзи дурусти корбарӣ меомӯзонанд.

sehi pjyfzolbarori3

Бунёду ба истифода супурдани корхона охири кор нест ва муассиси корхона барои беҳтар намудани фаъолияти он ният дорад, ки масоҳати корхонаро васеъ карда, ҳарчи бештар сокинони бешуғлро бо ҷои кор таъмин намояд ва ҳаҷми истеҳсоли пойафзоли хушсифати ватаниро зиёд намояд.

Бунёду ба истифода супоридани чунин коргоҳҳо дар амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ -  саноатикунонии босуръати кишвар ва некуаҳволии сокинон нақши муассир мегузорад.

 

:.  Хабарҳо 21.12.2021 07:22 518

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz